ИДОРАИ ОВОЗИИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ХИЗМАТРАСОНӢ: ПРИНСИПҲО, ТЕХНОЛОГИЯҲО ВА САМТҲОИ РУШД
Муаллифон
Чакида
Дар мақола масъалаи идораи овозии воситаҳои техникии хизматрасонӣ таҳлил мешавад. Бо рушди зеҳни сунъӣ, шабакаҳои нейронӣ ва технологияҳои шинохти нутқ, истифодаи системаҳои идоракунии овозӣ дар соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ густариш ёфтааст. Моҳият ва принсипҳои техникии чунин системаҳо, аз ҷумла алгоритмҳои коркарди сигналҳои нутқ, тарҳи меъмории онҳо ва равандҳои табдил додани фармоишҳои овозӣ ба амалиётҳои иҷроӣ баррасӣ мегарданд. Дар баробари ин, масъалаҳои амният, маҳдудиятҳои техникию забонӣ, дақиқии шинохт ва омилҳои таъсиррасон ба сифат мавриди омӯзиш қарор доранд. Тадқиқот ба таҷрибаи татбиқи идораи овозӣ дар роботҳои хизматрасон, таҷҳизоти хонагӣ, низомҳои коммуникатсионӣ ва муҳитҳои “хонаҳои боақл” такя мекунад. Ҳамчунин имкониятҳои рушди минбаъдаи ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии алгоритмҳо, васеъ намудани датасетҳо ва баланд бардоштани устувории системаҳои шиносоиро дар бар мегирад. Истифодаи идораи овозӣ ба баланд кардани сатҳи автоматизатсия ва осонии истифодабарӣ мусоидат мекунад. Дар асоси ёварони виртуалии мавҷудбуда ёвари виртуалии тоҷикӣ барои мағоза коркард карда шудааст. Ин технология ба зиёд шудани дастрасӣ барои корбарони дорои маҳдудиятҳои ҷисмонӣ низ нақши муҳим мебозад. Иловатан, афзоиши маҳсулот ва хизматрасониҳои «ақлманд» зарурати такмили минбаъдаи ин соҳаҳоро бештар мегардонад.Мақола барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва муҳандисони соҳаҳои зеҳни сунъӣ, автоматика ва технологияҳои рақамӣ фоидаовар мебошад.
Калидвожаҳо
идораи овозӣ, шинохти нутқ, зеҳни сунъӣ, техникаи хизматрасонӣ, шабакаҳои нейронӣ, автоматика, интерфейси инсон-мошин, амнияти иттилоотӣ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Васильев, А.А. (2020). Системы распознавания речи и голосового управления. Москва: Наука.
2. Ким, И. (2022). Голосовые помощники и интерфейсы будущего. М.: Техносфера.
3. Петров, В.В. (2021). Технологии умных домов и голосовые интерфейсы. СПб:Питер.
4. Хоҷаев, М., Раҳмонов, Ф. (2022). Интегратсияи зеҳни сунъӣ дар системаи автоматика //Маҷаллаи илмӣ-техникии Донишгоҳи миллӣ, №4.
5. Худойбердиев, Х. А. Сегментация речевого сигнала на базе слоговых структур таджикского языка / Х. А. Худойбердиев // Новые информационные технологии в автоматизированных системах. – 2018. – № 21. – С. 181-182. – EDN XNRSBF.
6. Graves, A., Mohamed, A.-r., & Hinton, G. (2013). Speech recognition with deep recurrent neural networks. ICASSP.
7. Jurafsky, D., & Martin, J. H. (2023). Speech and Language Processing. Pearson Education.
8. Li, J., Deng, L. (2020). Automatic Speech Recognition: A Deep Learning Approach. Springer.
9. Zhang, Y., et al. (2022). Neural network-based voice control systems. IEEE Transactions on Audio, Speech, and Language Processing.
Таърихи нашр
2026-04-03