МЕТОДИКАИ АМСИЛАСОЗИИ КОМПЮТЕРИИ ГАРМШАВИИ СИМПЕЧҲОИ МУҲАРРИКҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ АГРЕГАТҲОИ ОБКАШ ҲАНГОМИ РЕҶАҲОИ КОРАНДОЗӢ

Муаллифон

Ҳоҷиев Анвар Абдуллаевичномзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, hojiev.anvar@bk.ru
Дадобоев Шаҳбоз Толибҷоновичномзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shahbozdadoboev@mail.ru

Чакида

Кори илмии мазкур ба таҳқиқи гармшавии симпечҳои муҳаррики электрикии агрегати обкаши калон бо усули моделиронии компютерӣ бахшида шудааст. Дар мақола диққати махсусро ба реҷаи корандозии муҳаррикҳои электрикӣ дода шудааст, ки он бо равандҳои гузарандаи мураккаб ҷараён мегирад. Ба сифати объекти тадқиқот муҳаррики синхронии навъи ВДС2-325 бо иқтидори 8 МВт интихоб шудааст, ки он ҳамчун ҳаракатовари электрикӣ барои дастгоҳи обкаш хизмат мекунад. Барои моделиронии компютерӣ одатан алгоритмҳо ё муодилаҳои математикӣ ва ифодаҳо барои ҳар гуна шарҳи қонуният зарур мешавад. Ғайр аз ин, барои моделиронии объектҳои техникӣ бузургиҳои техникӣ заруранд, ки онҳоро танҳо бо роҳи ҳисобӣ муайян кардан мумкин аст. Бо назардошти ҳамаи хусусиятҳои номбаршуда, дар мақола методикаи моделиронии компютерии гармшавии симпечҳои муҳаррики электрикии агрегатҳои обкаш ҳангоми реҷаҳои корандозӣ, пешниҳод шудааст. Моделиронӣ бо бузургиҳои нисбӣ бо назардошти намудҳои гуногуни корандозии муҳаррикҳои электрикӣ, ба монанди корандозии мустақим ва мунтазам иҷро шудааст. Корандозии мунтазами муҳаррики электрикии дастгоҳи обкаш бо истифодаи таҷҳизоти корандози мунтазам таъмин карда мешавад. Вале корандозии мустақим бошад, бо васли бевоситаи шиддат ба муҳаррик иҷро мешавад. Корандозиҳои мустақими муҳаррикҳои электрикии пуриқтидор ба натиҷаҳои манфӣ оварда мерасонад, ба монанди гармшавии аз ҳад зиёди симпечҳо, вибратсия дар қисмҳои механикӣ ва фурӯравии шиддат дар низоми энергетикии пойгоҳи обкашӣ.

Калидвожаҳо

муҳаррики синхронӣ, агрегати обкаш, гармшавии симпечҳо, реҷаи корандозӣ, амсиласозии компютерӣ, корандозии мунтазам.

Таърихи нашр

2026-04-03