ТАМОЮЛҲОИ МУОСИР ВА ОМИЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон
Чакида
Дар мақола табиати суръати баланди рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2020–2025 дар асоси маълумоти омории созмонҳои байналмилалӣ ва идораҳои миллӣ таҳлил карда мешавад. Заминаи методологии таҳқиқот ба модели Р. Солоу, назарияҳои рушди эндогении П. Ромер ва Р. Лукас, инчунин ба консепсияи табдили сохтории Х. Ченери такя мекунад. Фарзияе санҷида мешавад, ки бар хилофи пешгӯиҳои назарияҳои рушди эндогенӣ, афзоиши сармояи ҷисмонӣ дар бахшҳои ашёи хоми иқтисоди Тоҷикистон ба афзоиши ҳосилнокии умумии омилҳо намеорад. Таҳлили миқдории тағйироти соҳавӣ бо истифода аз коэффисиенти тағйироти сохторӣ ва индекси Ҳерфиндал гузаронида шудааст. Хулоса бароварда шудааст, ки барои таъмини устувории дарозмуддат амиқсозии ислоҳоти сохторӣ зарур мебошад. Нопуррагии табдили сохторӣ муайян карда шудааст: дар ҳоле ки ҳиссаи кишоварзӣ дар шуғл расман баланд аст, саҳми он дар ММД коҳиш меёбад ва саноат шумораи кофии ҷойҳои кориро фароҳам намеорад. Омилҳои рушди иқтисодӣ баррасӣ шудаанд: сармоягузорӣ ба энергетика, интиқолҳои пулии муҳоҷирон, сиёсати буҷетӣ ва сиёсати пулӣ-кредитӣ. Ба зарурати идомаи ислоҳоти сохторӣ, диверсификатсияи иқтисод ва баланд бардоштани рақобатпазирии он барои таъмини рушди устувори дарозмуддат ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ хулоса бароварда шудааст.
Калидвожаҳо
назарияи рушди эндогенӣ, омилҳои рушд, табдили сохторӣ, номутаносибии сохторӣ, моделҳои рушд, сатҳи шуғл.
Таърихи нашр
2026-04-06