САМАРАНОКИИ СОХТОРИ ТАШКИЛИИ ИДОРАКУНИИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ НАССОҶӢ ДАР ШАРОИТИ НОУСТУВОРИИ ИҚТИСОДӢ

Муаллифон

Авезова Маҳбуба Муҳамедовнадоктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедра, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, https://orcid.org/0000-0002-6118-8321; SPIN-код (РИНЦ): 8727-9534, avezova@rambler.ru
Қаюмова Сурайё Абдуазимовнаомӯзгори калон, кафедраи идораи молия, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, suraida@mail.ru

Чакида

Дар мақола масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии сохтори ташкилии низоми идоракунии корхонаи саноатӣ дар муҳити ноустувори иқтисодӣ баррасӣ мемегарданд. Нақши низоми мутобиқкардашудаи ташкилӣ ҳамчун омили калидии таъминкунандаи рушди устувор ва рақобатпазирии корхона асоснок карда шудааст. Моҳияти самаранокии сохтори ташкилии идоракунӣ ҳамчун тавсифи маҷмӯӣ, ки қобилияти низомро барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда бо хароҷоти ҳадди ақал инъикос мекунад, кушода дода шуд. Нишондиҳандаҳои асосие, ки ба самаранокии идоракунӣ таъсир мерасонанд, асоснок гардидаанд, аз ҷумла шумораи зинаҳои идоракунӣ, дараҷаи марказонидашавӣ, стандартҳои назорат, инчунин унсурҳои муайянкунандаи ташаккули онҳо: шумора ва сатҳи тахассуси кормандони идоравӣ ва маъмурӣ, ҳаҷми корҳои иҷрошаванда, сатҳи автоматизатсия истеҳсолот. Мушкилоти асосии сохторҳои ғайрисамараноки ташкилӣ, ба монанди такрори вазифаҳо, афзоиши хароҷоти идоракунӣ ва паст шудани ҳосилнокии меҳнат муайян карда шуданд. Дар доираи таҳқиқот усулҳои арзёбии самаранокии низоми идоракунӣ баррасӣ гардида, нишондиҳандаҳои натиҷагирии сохтори ташкилӣ пешниҳод карда шудаанд. Қисми амалии таҳқиқот ба таҳлили фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ дар вилояти Суғд асос ёфтааст. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, инчунин мақомоти идоракунии соҳавӣ ҳангоми таҳия ва такмили сохторҳои ташкилии идоракунӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо равона шудаанд, истифода шаванд.

Калидвожаҳо

низоми идоракунӣ, самара, самаранокӣ, ҷузъи ташкилӣ, устуворӣ, суръати қабули қарор, усулҳои арзёбӣ, нишондиҳандаҳо.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Авезова М.М. Инновационная модель устойчивого развития экономики Таджикистана: стратегия, приоритеты, ресурсы. Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. 2017. № 3 (4). С. 83-96.

2. Виханский О.С., Наумов А.И. “Менеджмент”. — М.: Гардарики, 2006.

3. Гаджинский А.М. “Организация, нормирование и оплата труда”. — М.: ИНФРА-М, 2007.

4. Глушков В.М. “Основы организации и управления производственными системами”, М.: Наука, 1980.

5. Гулин К.А. Организация управления производственным предприятием. — М.: ИНФРА-М, 2019., Адаир Дж. Эффективный менеджмент: искусство руководства. — М.: Альпина, 2004., ГОСТ Р 51897-2011. Управление организацией. Термины и определения. 2009.

6. Қаюмова А.А., Авезова М.М. Таҳлил ва баҳогузории омилҳои самаранокии фаъолияти корхонаҳо дар асоси идоракунии хароҷот. Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С. Осими. 2020. № 3 (16). С. 68-78.

7. Қаюмова С.А. Ҷанбаҳои назариявӣ ва методии баҳодиҳӣ ба самаранокии идоракунии минтақавӣ. Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С. Осими. 2024. № 1 (30). С. 99-109.

8. Мескон М., Альберт М., Хедоури Ф. Основы менеджмента. — М.: Дело, 2007., Mintzberg H. Structure in Fives: Designing Effective Organizations. — Prentice-Hall, 1983., ГОСТ 31970-2013 Стандарты в области менеджмента качества. Руководство по проектированию структур управления.

9. Негматова М.И., Қаюмова С.А., Олимова Л.Э. Таъсири омилҳои низоми идоракунӣ ба ҷолибияти сармоягузории корхонаҳои Тоҷикистон. Паёми ДПДТТ ба номи академик М.С. Осими. 2024. № 4 (33). С. 126-143.

10. Резник Е.А. Ключевые факторы, влияющие на эффективность управления предприятием/Международная экономика, №11, 2018.

11. Росстат: Статистические сборники по структуре занятости в промышленности (раздел “Лёгкая промышленность”), Методические рекомендации Минэкономразвития РФ по анализу численности аппарата управления., Кнорринг В.И. Организация и регулирование производственных систем. — М.: Экономика, 2005.

12. Соколова А.П., Юрова А. Д // Управление эффективностью предприятий / Вестник Академии знаний №36 (1), 2020/ С228-233.


Таърихи нашр

2026-04-07