CАМАРАИ ТАЪСИРОТИ ҒАЙРИХАТТИИ ДИВЕРСИФИКАТСИЯ БА ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ САНОАТӢ

Муаллифон

Мансурова Мафтунахон Ғуфроновнаномзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, m_88mansurova@mail.ru

Чакида

Дар мақола арзёбии диверсификатсияи соҳаи саноат гузаронида шуда, таъсири он ба ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ таҳқиқ гардидааст. Тадқиқот ба арзёбии муқоисавии диверсификатсияи саноати минтақа ва таъсири он ба рушди устувор дар давоми ҳафт сол асос ёфта, бо васеъ намудани фосилаи вақт то даҳ сол идома меёбад. Ин имкон медиҳад, ки динамикаи нишондиҳандаҳо муайян гардида, тағйирот дар се соли охир арзёбӣ карда шавад. Таҳлили мухтасари равишҳои мавҷудаи методӣ барои ченкунии диверсификатсияи саноат низ пешниҳод шудааст. Бо мақсади таъмин намудани муқоисапазирии натиҷаҳо методикаи ягонаи Херфиндал-Хиршман барои ҳисоб кардани коэффисиенти диверсификатсия истифода гардид. Таҳлили вобастагии байни коэффисиенти диверсификатсия ва ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар давраи солҳои 2014–2021 мавҷудияти робитаи устувори хаттиро ошкор намуд, ки хусусияти асосан экстенсивии тағйироти сохториро дар саноати минтақа нишон медиҳад. Васеъ намудани фосилаи вақти тадқиқот то соли 2024 бо ворид намудани мушоҳидаҳои дертар имкон дод, ки тағйирёбии хусусияти ин вобастагӣ муайян карда шавад: он шакли ғайрихаттӣ, экспоненсиалӣ гирифта, тақвияти таъсири кумулятивӣ ва мултипликативии диверсификатсияро инъикос менамояд. Натиҷаҳои бадастомада аз гузариши саноати минтақа ба марҳилаи нисбатан камолоти рушд шаҳодат медиҳанд, ки дар он диверсификатсияи сохторӣ ба омили афзоиши босуръати истеҳсолоти саноатӣ табдил меёбад. Дар маҷмӯъ муайян гардид, ки амиқшавии диверсификатсия ба баланд гардидани сатҳи рушди саноати минтақа мусоидат менамояд.

Калидвожаҳо

диверсификатсияи саноат, вобастагии хатӣ, вобастагии экспоненсиалӣ, арзёбӣ, ҳаҷми истеҳсолот, маҳсулоти саноатӣ, таҳлили коррелятсионӣ-регрессионӣ.

Таърихи нашр

2026-04-07