ТАШАККУЛИ АМСИЛАИ РУШДИ УСТУВОРИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСОСИ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола вазъи муосири иқтисодиёт ва дурнамои ташаккули амсилаи устувори рушди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тағйирёбии ҷараёнҳои сармоягузорӣ таҳлил карда мешавад. Тамоюли калидии рушди сармоягузорӣ дар шароити гузариш ба амсилаи рушди ба инноватсия нигаронидашуда муайян гардидаанд. Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии минтақа барои солҳои 2018–2024, аз ҷумла динамикаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, амалиётҳои содиротию воридотӣ ва сатҳи МММ ба ҳар сари аҳолӣ гузаронида шудааст. Динамикаи сармоягузориҳои асосӣ ва хориҷӣ, сохтори онҳо аз рӯи шаклҳои моликият ва самтҳои соҳавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муайян карда шуд, ки сарфи назар аз динамикаи мусбати рушди иқтисодӣ, номувозинатиҳои сохторӣ боқӣ мемонанд, ки хусусияти ашёи хом доштани сармоягузориҳои хориҷӣ, ноустувории ҳаҷми онҳо, инчунин дар барзиёд будани воридот нисбат ба содирот зоҳир мегарданд. Ҳиссаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт аз ҳисоби воситаҳои аҳолӣ ва давлат назар ба ҳиссаи сармоягузории хориҷӣ дар сатҳи паст боқӣ мемонад. Ҳамзамон, барои рушди босуръати иқтисодиёт зарур аст, ки дар сохтори сармоягузориҳои асосӣ мавқеи пешсафро сармоягузориҳои бахши хусусӣ ишғол намоянд, зеро маҳз онҳо самараи мултипликативиро дар рушди иқтисодиёт таъмин мекунанд. Зарурати гузариш ба модели диверсификатсионии сармоягузорӣ-инноватсионии рушд асоснок карда шудааст, ки он густариши иқтидори дохилии сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои коркард ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақавиро пешбинӣ менамояд. Натиҷаҳои тадқиқот ҳангоми таҳияи барномаҳои давлативу минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва саноатии минтақаҳо метавонанд истифода шаванд.
Калидвожаҳо
сармоягузорӣ, рушди сармоявӣ, сармоягузориҳои асосӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, фаъолнокии инноватсионӣ, самаранокии сармоягузорӣ.
Таърихи нашр
2026-04-07