НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ОПТИМИЗАТСИЯИ НИЗОМИ ТАЪМИНОТИ БАРҚИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БО ҶУБРОНКУНАКҲОИ СТАТИКИИ ТИРИСТОРӢ

Муаллифон

Раҳимзода Ибод Раҳимомӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, karimov.ibodkul@mail.ru
Раҳимов Охунбобо Сайфиддиновичномзади илмҳои техникӣ, дотсент, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дадобоев Шаҳбоз Толибҷонович номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shahbozdadoboev@mail.ru

Чакида

Низомҳои таъминоти барқи муосири корхонаҳои саноатӣ бо реҷаҳои кории динамикӣ, васли сарбориҳои ғайрихаттӣ ва мураккабу ҷиддӣ шудани талабот ба сифати энергияи электрикӣ тавсиф карда мешаванд. Имрӯз дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои баланд бардоштани устувории шиддат дар низомҳои таъминоти барқ, ҷубронкунии иқтидори реактивӣ ва хомӯш намудани лаппишҳо, таҷҳизоти муосири техникӣ аз навъҳои FACTS (Flexible AC Transmission Systems) истифода мебаранд. Яке аз мисоли онҳо ҷубронкунаки статикии тиристорӣ (ҶСТ) ба ҳисоб меравад, ки онро дар хориҷа ҳамчун SVC (Static Var Compensator) медонанд. Дар мақола принсипи кор, сохт ва имконияти ҶСТ, мисолҳои татбиқи он ҳам дар низоми таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ ва ҳам барои аҳолӣ баррасӣ шудаанд. Хусусияти фарқкунандаи чунин ҷубронкунак дар он аст, ки бо сабаби истифодаи тиристорҳо, зудамалӣ дар ҳудуди 10-30 мс таъмин шуда, ҶСТ-ро ҳамчун унсури муҳими низом барои устувории шиддат ва беҳтаркунии мувофиқати электромагнитӣ муаррифӣ менамояд. Дар мақола масъалаҳои ҳам назариявӣ ва ҳам амалии ҶСТ бо таҳлилҳои васеъ оварда шудаанд, инчунин татбиқи ҶСТ дар амал, дар объектҳои воқеӣ маълумоти таҳлилӣ оварда шудаанд. ҶСТ аз ҳисоби коҳиши пардохт барои иқтидори реактивӣ имкони сарфаи маблағ дорад, инчунин мувофиқи таҷрибаи истифодабарии ҷубронкунакҳои иқтидори реактивӣ, мӯҳлати хароҷот-баргардонӣ ҶСТ то як солро ташкил медиҳад.

Калидвожаҳо

низоми таъминоти барқ, ҷубронкунаки иқтидори реактивӣ, ҷубронкунаки статикии тиристорӣ, оптимизатсия, коэффитсиенти иқтидор, устувории шиддат, сершиддатӣ

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Базыль, И. М. Анализ режимов работы устройств компенсации реактивной мощности в системах электроснабжения предприятия / И. М. Базыль // Известия Тульского государственного университета. Технические науки. – 2011. – № 6-1. – С. 281-285. – EDN BLSWLE.

2. Дадобоев, Ш. Т. Коркарди чорабиниҳо барои баланд бардоштани захираи техникии таҷҳизоти барқӣ дар пойгоҳҳои обкашии калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2023. – No. 2(27). – P. 47-58. – EDN ELQSQL.

3. Дадобоев, Ш. Т. Тадқиқоти равандҳои гузарандаи системаи энергетики модоми корандозии мунтазами агрегатҳои обкаши калониқтидор / Ш. Т. Дадобоев, М. Е. Комилова // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 2(31). – P. 45-53. – EDN DKHLOW.

4. Дадобоев, Ш.Т. Равандҳои гузариш дар системаи энергетикии станцияи обёрӣ ҳангоми пайваст намудани бевоситаи агрегатҳои калониқтидор / Ш.Т. Дадобоев, А.Ҷ. Воҳидов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. – 2024. – No. 1(30). – P. 38-45. – EDN UAWOUP.

5. Каримов, И. Р. Таҳқиқи роҳҳои сарфаи нерӯи барқ дар корхонаҳои соҳаи бофандагӣ / И. Р. Каримов // Паёми политехникӣ. Бахши: Таҳқиқоти муҳандисӣ. – 2024. – No. 4(68). – P. 33-39. – EDN CFMEEV.

6. Компенсатор реактивной мощности, коммунальные услуги. – URL: http://rxpesvc-sc.ru/1-2-3-2-svc-china-sgcc-donganshan-substation-svc.html (дата обращения: 10.03.2026 г). – Текст: электронный.

7. Мисриханов М.Ш., Хамидов Ш.В. «Устройства FACTS и их применение для интеллектуального управления режимами электроэнергетических систем» / – Ташкент, Изд. «Navro`z». 2022. –320 с.

8. Разоков, А. Р. Постановка задачи по оптимизации работы текстильного электрооборудования при жарком климате / А. Р. Разоков, Ш. Дадобоев // Электрооборудование: эксплуатация и ремонт. – 2012. – № 11. – С. 58-59. – EDN RKQGSR.

9. Статические тиристорные компенсаторы: назначение, устройство и роль в современной энергетике.

10. URL: https://dtf.ru/reviews/4129985-stk-naznachenie-ustroystvo-i-funktsii (дата обращения: 10.03.2026 г). – Текст: электронный.


Таърихи нашр

2026-08-24