ДУРНАМО ВА МЕХАНИЗМҲОИ РУШДИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШИ ҶАҲОНИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Муаллифон

Чоршанбиев Садриддин Раҷаббокиевичомӯзгори калон, кафедраи иқтисоди миллӣ ва амнияти иқтисодӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sadriddin.c@mail.ru

Чакида

Ҳадафи мақола арзёбии ҳамаҷонибаи дурнамо ва механизмҳои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариши ҷаҳонии энергетикӣ мебошад. Дар таҳқиқот тамоюлҳои муосир, мушкилот ва имкониятҳои густариши истифодаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар асоси таҳлили маълумоти агентҳои байналмилалии энергетикӣ ва омори миллӣ қонуниятҳои асосии динамикаи истеҳсол ва истеъмоли энергия муайян карда шудаанд. Ба арзёбии иқтидори умумӣ, техникӣ ва иқтисодии МБЭ, аз ҷумла гидроэнергетикаи хурд, энергетикаи офтобӣ ва бодӣ бо дарназардошти шароити табиӣ-ҷуғрофии кишвар таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Сохтори сармоягузорӣ таҳлил гардида, монеаҳои институтсионалӣ ва молиявии рушди соҳа ошкор карда шудаанд. Қайд мегардад, ки Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, дар он зиёда аз нисфи маҷрои умумии дарёҳои минтақа ташаккул меёбад. Тибқи таснифоти байналмилалии МБЭ, ба ин гурӯҳ неругоҳҳои барқӣ-обии иқтидорашон то 30 МВт дохил мешаванд. Бо дарназардошти ин таснифот, иқтидори иқтисодии самараноки гидроэнергетикаи хурд дар кишвар нисбат ба захираҳои энергияи офтобӣ, бодӣ ва биомасса чанд маротиба зиёд мебошад. Зарурати диверсификатсияи тавозуни энергетикӣ ва баланд бардоштани амнияти энергетикӣ асоснок карда шудааст. Механизмҳои дастгирии давлатии рушди МБЭ пешниҳод гардидаанд.

Калидвожаҳо

энергия, манбаъҳои барқароршаванда, гузариши энергетикӣ, диверсификатсия, дастгирии давлатӣ, иқтидори иқтисодӣ, механизмҳои рушд.

Таърихи нашр

2026-08-24