РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: МУАММОҲО ВА ДУРНАМОИ МИНТАҚА
Муаллифон
Чакида
Мақолаи мазкур ба таҳлили масъалаҳои мубрами рушди соҳибкории инноватсионӣ ва ташаккули иқтисодиёти сабз дар вилояти Суғд бахшида шуда, дар он натиҷаҳои таҳлили ҳолати кунунии ин равандҳо, муаммоҳои мавҷуда ва чораҳои бартарафсозии онҳо пешниҳод гардиданд. Дар рафти тадқиқот муайян карда шуд, ки ҳиссаи корхонаҳои фаъоли инноватсионӣ дар минтақа солҳои охир тамоюли мусбат дорад. Ҳамчунин, ҳиссаи корхонаҳое, ки технологияҳои сабзро татбиқ менамоянд, то 18% афзоиш ёфта, аз баланд шудани таваҷҷуҳи субъектҳои хоҷагидорӣ ба масъалаҳои экологӣ шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди ин, рушди ин равандҳо бо як қатор монеаҳои ҷиддӣ, аз қабили норасоии сармоягузории дохиливу хориҷӣ, инфрасохтори нокифояи инноватсионӣ, маҳдуд будани захираи кадрҳои соҳибихтисоси дорои малакаҳои рақамӣ ва экологӣ (сабз) ва суст будани робитаҳои байни илм ва истеҳсолот дучор мегардад. Дар мақола диққати махсус ба нақши рақамикунонӣ ва ҳамгироии «малакаҳои сабз» бо «малакаҳои рақамӣ» дар раванди тайёр кардани кадрҳо равона шудааст. Дар хулоса, дар асоси амсилаи таҳиянамудаи муаллиф, чораҳои амалӣ барои такмили сиёсати минтақавӣ, аз ҷумла дастгирии молиявии лоиҳаҳои сабз, рушди инфрасохтори технопаркҳо ва кластерҳо, татбиқи низомҳои идоракунии рақамӣ дар корхонаҳо ва таҳкими ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимӣ оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисодиёти сабз пешниҳод гардиданд.
Калидвожаҳо
стратегияи рушди минтақавӣ, соҳибкории инноватсионӣ, иқтисодиёти сабз, рушди устувор, рақамикунонӣ, сармояи инсонӣ, технологияҳои сабз, вилояти Суғд.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Абдусаломов Г. А. Цифровизация экономики: сущность, возможности и угрозы / Г. А. Абдусаломов // Послание Таджикского национального университета. – 2022. – № 2. – С. 45–52.
2. Бозоров Ш. Ш. и др. Управление. – Душанбе: «Ирфон», 2015. – 464 с.
3. Каримов И. А. Инновационное предпринимательство и его роль в развитии зеленой экономики / И. А. Каримов // Государственное управление. – 2021. – № 4. – С. 22–28.
4. Каримов К. М. Государственная служба Республики Таджикистан: сущность и принципы организации. – Душанбе, «ЭР-граф», 2006. – 180 с.
5. Мазур И. И. Управление проектами: Учебник / И. И. Мазур, В. Д. Шапиро, Н. Г. Ольдерогге, А. В. Полковников; под общей редакцией И. И. Мазура, В. Д. Шапиро. – 5-е изд., переработанное. – Москва: Омега-Л, 2009. – 960 с.
6. Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года // Правительство Республики Таджикистан. – Душанбе, 2016. – 110 с.
7. Омори солонаи вилояти Суғд / Маҷмўаи оморӣ – Хуҷанд, Саррёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 2025. –350 с.
8. Полковников А. В. Управление проектами: основные подходы и международные стандарты // Вестник технического регулирования. – 2006. – № 9. – С. 4-14.
9. Послание Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Душанбе, 16.12.2025.
10. Постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 ноября 2012 г. № 655 «О концепции формирования электронного правительства в Республике Таджикистан».
11. Рахимов Ф. С. Формирование человеческого капитала в зеленой экономике / Ф. С. Рахимов, М. А. Кодирова // Экономика Таджикистана: анализ и прогноз. – 2023. – № 1 (15). – С. 33–39.
12. Романова М. В. Управление проектами: образование. пособия / М. В. Романова. – Москва: ИД «Форум»: ИНФРА-М, 2007. – 256 с.
13. Саидов Н. Р. Зеленые технологии и устойчивое региональное развитие / Н. Р. Саидов // Послание Таджикского государственного коммерческого университета. – 2024. – № 3 (38). – С. 67–73.
14. Тохиров М. К. Стратегия регионального развития в контексте зеленой экономики / М. К. Тохиров // Региональная экономика. – 2023. – № 2 (10). – С. 55–62.
15. Усманов И. У., Латифзода Р. О. Организационное управление (в диаграммах, рисунках и слайдах): учебник. – Худжанд, ИЭТ ЦУК, 2017. – 210 с.
Таърихи нашр
2026-08-24