ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲО БО ИСТИФОДА АЗ АШЁИ ХОМИ ИННОВАТСИОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ЭКОЛОГИИ КОРХОНАҲО

Муаллифон

Султонова Манзура Музаффаровнаномзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, sultanovam2403@gmail.com

Чакида

Дар мақола, дар асоси ҳуҷҷатҳои директивии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи муваффақи корхонаҳо, имкониятҳои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар самти истифодаи самараноки партовҳои ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тоза бо мақсади пешбурди ғояҳои иқтисоди “сабз” дар фаъолияти онҳо баррасӣ мегарданд. Қайд карда мешавад, ки дар сатҳи корхона иқтисоди “сабз” тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо, экологикунонии равандҳои истеҳсолӣ, кам намудани ҳаҷми партовҳо амалӣ мегардад. Муайян карда шудааст, ки рушди устувори корхона чунин ҳолати истеҳсол ва фурӯши маҳсулот мебошад, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти корхона дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, пешрафти минбаъдаи он таъмин мегардад. Дар мақола қайд мешавад, ки яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодии корхонаҳо унсурҳои рушди инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ҳисобу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи партовҳои биоришта ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли молҳои истеъмолӣ нисбат ба фурӯши мустақими ин партовҳо самараноктар мебошад. Дар умум, истифодаи партовҳои биоришта барои истеҳсоли молҳои истеъмолии васеъ намунаи татбиқи бомуваффақи инноватсияҳо ба ҳисоб рафта, метавонад ба рушди дарозмуддат ва муваффақияти устувори корхонаҳо мусоидат намояд. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд аз ҷониби роҳбарияти корхона барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳким бахшидани рақобатпазирии корхона дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ истифода шаванд.

Калидвожаҳо

технологияҳои инноватсионӣ, партовҳои биоришта, технологияҳои сарфакунандаи захираҳо, рушди устувор, самаранокӣ, рақобатпазирӣ, корхона.

Таърихи нашр

2026-08-24