ТАТБИҚИ УСУЛИ ИВАЗКУНИИ ЗАНҶИРӢ ДАР ТАҲЛИЛИ ОМИЛИИ МАВҚЕИ РАҚОБАТПАЗИРИИ КОРХОНА
Муаллифон
Чакида
Мақола ба таҳқиқи омилҳои мавқеи рақобатии корхона бахшида шудааст, ки ҳолати кунунӣ ва дурнамои онро дар бозор муайян менамояд ва ҳамчун замина барои қабули қарорҳои идоракунӣ, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирӣ равона шудаанд, хизмат мекунанд. Дар кор таснифоти омилҳои вазъи рақобатӣ аз рӯи нишонаҳои гуногун пешниҳод шудааст: манбаи пайдоиш, дараҷаи таъсир, намуд ва мазмуни фаъолият. Диққати махсус ба омилҳои дохилӣ равона гардидааст, зеро онҳо таҳти назорати мустақими корхона қарор дошта, метавонанд новобаста аз тағйирёбии муҳити беруна ба таври фаврӣ танзим карда шаванд. Дар байни омилҳои асосии дохилӣ омилҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва молиявӣ ҷудо карда шудаанд, ки ҳар яке ба мавқеи рақобатии корхона таъсири назаррас мерасонад. Барои гузаронидани таҳлил модели мултипликативии мавқеи рақобатии корхона пешниҳод шудааст, ки робитаи мутақобилаи натиҷаҳои асосии фаъолиятро инъикос менамояд. Истифодаи ин модел имкон медиҳад, ки нишондиҳандаи натиҷавӣ дар шакли низоми омилҳои ба ҳам вобаста пешниҳод гардад. Дар мақола баррасиии усулҳои таҳлили омилӣ анҷом дода шуда, дар натиҷа интихоби усули ивазкунии занҷирӣ асоснок гардидааст, ки имкон медиҳад таъсири омилҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва молиявӣ пайдарпай арзёбӣ карда шавад. Таъсири мусбати бештари омили молиявӣ дар ташаккули мавқеи рақобатӣ муайян карда шудасст, ки афзоиши ҳиссаи фоидаи софро дар фоидаи амалиётӣ инъикос менамояд. Омили истеҳсолӣ низ таъсири мусбат мерасонад, ки ба афзоиши ҳиссаи фоидаи умумӣ дар даромад вобаста мебошад. Ҳамзамон таъсири манфии омили идоракунӣ ошкор гардид, ки коҳиши самаранокии идоракунии хароҷоти амалиётиро нишон медиҳад. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд барои муайян намудани захираҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхона ва таҳкими мавқеи рақобатии он истифода шаванд.
Калидвожаҳо
мавқеи рақобатӣ, таҳлили омилӣ, усули ҷойгузинии занҷирӣ, таҳлили омилҳо, натиҷаҳои молиявӣ, омилҳои идоракунӣ, омилҳои истеҳсолӣ, фоидаи корхона, муҳити рақобатӣ.
Таърихи нашр
2026-08-24