ҶАНБАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ БАХШИ САНОАТИИ МИНТАҚА

Муаллифон

Аминҷонова Муҳиба Муҳамаднасимовнаномзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muhiba7788@gmail.com
Тоҳирова Фирӯзаҷонмагистранти соли якуми ихтисоси иқтисод ва идоракунӣ дар корхона, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, firuzkatohirova@mail.ru

Чакида

Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва методии рушди бахши саноатии минтақа тавассути равиши институтсионалӣ бо назардошти хусусиятҳои ҳудудӣ баррасӣ карда мешаванд. Тадқиқот ба муқаррароти назарияи неоинститутсионалӣ ва консепсияҳои муосири рушди саноат асос ёфта, имкон медиҳад, ки таъсири муҳити институтсионалӣ ба устуворӣ ва самаранокии фаъолияти иқтисодиёти минтақа пурра арзёбӣ карда шавад. Ба таҳлили нақши институтҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар макро, мезо ва микросатҳҳо, ки шароити фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти инноватсионии онҳоро муайян мекунанд, диққати махсус дода шудааст. Дар асоси истифодаи усулҳои таҳлили мантиқӣ-сохторӣ, муқоисавӣ ва оморӣ монеаҳои асосии институтсионалӣ, ки рушди бахши саноатро бозмедоранд, инчунин механизмҳои бартараф кардани онҳо ошкор карда шуданд. Дар кор таҳлили фаъолияти МОИ "Суғд" ҳамчун институти рушди мезосатҳ гузаронида шудааст. Дар асоси маълумоти омории солҳои 2014-2024 муайян карда шуд, ки мавҷудияти низоми пешрафтаи имтиёзҳои андозӣ ва маъмурӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Асоснок карда шудааст, ки рушди бахши саноат дар Тоҷикистон ба бартараф намудани "домҳои институтсионалӣ" ва таъмини мувофиқати қоидаҳои расмӣ ва меъёрҳои ғайрирасмӣ вобаста аст.

Калидвожаҳо

бахши саноат, иқтисодиёти минтақа, равиши институтсионалӣ, назарияи неоинститутсионалӣ, муҳити институтсионалӣ, МОИ “Суғд”, рушди саноат, сармоягузорӣ, рақобатпазирӣ, монеаҳои институтсионалӣ.

Таърихи нашр

2026-08-24