МОДЕЛСОЗИИ ПАРАМЕТРҲОИ ЭЪТИМОДНОКИИ НИЗОМҲОИ ТАЪМИНИ БАРҚ ҲАНГОМИ ТАҒЙИРЁБИИ ПАРАМЕТРҲОИ ТЕХНИКӢ
Муаллифон
Чакида
Аҳамияти таҳқиқот дар баҳодиҳӣ ва пешгӯии параметрҳои эътимоднокии низомҳои таъмини барқи корхонаҳо (бо зеристгоҳҳои трансформатории шиддаташон 10/0,4 кВ) дар шароити тағйирёбии параметрҳои техникии онҳо зоҳир мегардад. Усули моделсозии схемаҳои таъмини барқ дар муҳити Matlab / Simulink пешниҳод шудааст, ки имкон медиҳад равандҳои дар низом ҷараёндошта визуалӣ гардонида шуда, нишондиҳандаҳои асосии эътимоднокӣ, аз ҷумла параметри ҷараёни радшавии схема (ωсхема), вақти кори то радшавӣ (Тнар.отк), эҳтимолияти кори бенуқсон (P) ва эҳтимолияти пайдоиши радшавӣ (Q) таҳқиқ карда шаванд. Барои схемаи намунавии таъмини барқ модел таҳия карда шудааст. Таҷрибаҳои ҳисоббарорӣ гузаронида шуданд, ки мутобиқати натиҷаҳои ҳисобҳои моделро бо нишондиҳандаҳои ҳосилшудаи эътимоднокӣ барои конфигуратсияҳои гуногуни схема нишон медиҳанд. Нишон дода шудааст, ки ин равиш ба лоиҳакашон ва муҳаққиқон имконият медиҳад, ки дар марҳилаҳои лоиҳакашӣ ва истифодаи низомҳои таъмини барқ ҳисобҳои фаврии оптимизатсияи эътимоднокии низомҳои тарҳрезишаванда ва амалкунанда анҷом диҳанд. Ҳангоми анҷом додани таҳқиқот асосҳои назарияи эътимоднокӣ ва назарияи эҳтимолият истифода шудаанд. Модели таҳияшуда дар муҳити Matlab / Simulink имкон медиҳад нишондиҳандаҳои эътимоднокии схемаҳои таъмини барқ (ωсхема, Тнар.отк, P ва Q) ҳангоми тағйир ёфтани параметрҳои техникии схема муайян карда шаванд. Таҳқиқоти анҷомдодашуда ба ҳалли масъалаи муҳими баланд бардоштани самаранокии баҳодиҳӣ ва идоракунии эътимоднокии схемаҳои таъмини барқ равона гардидааст. Дар кор равише пешниҳод ва татбиқ шудааст, ки ба моделсозӣ дар муҳити Matlab / Simulink асос ёфтааст. Хулосаҳои бадастомада метавонанд ҳангоми лоиҳакашии низомҳои таъмини барқ барои истифода тавсия дода шаванд. Ҷорӣ намудани модели таҳияшуда ба амалияи корҳои лоиҳакашӣ ва истифодабарӣ имкон медиҳад эътимоднокии таъмини барқи истеъмолкунандагон ба таври назаррас баланд бардошта шуда, ҳамзамон истифодаи самараноки захираҳо дар раванди истифода таъмин карда шавад.
Калидвожаҳо
низоми таъмини барқ, эътимоднокӣ, модели баҳодиҳии эътимоднокӣ, моделсозии параметрҳои эътимоднокӣ, Matlab, Simulink, схемаи ҳалқавӣ, захиракунонӣ.
Таърихи нашр
2026-08-24