ТАҲҚИҚОТИ РОҲИ АЛТЕРНАТИВИИ КОРАНДОЗИИ МУНТАЗАМИ МУҲАРРИКҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ МЕХАНИЗМҲО БО МОМЕНТҲОИ ИНЕРСИЯИ КАЛОН

Муаллифон

Дадобоев Шахбоз Толибҷоновичномзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shahbozdadoboev@mail.ru
Азимов Набӣ Саидовичомӯзгори калон, кафедраи математикаи олӣ ва физика, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чакида

Дар мақола усули алтернативии корандозии ҳамвори муҳаррикҳои электрикӣ барои механизмҳо бо сарбории вазнин ва моментҳои инерсияи калон дар меҳвар, ба монанди агрегатҳои обкаш омӯхта мешавад. Маълум аст, ки реҷаҳои корандозии муҳаррикҳои электрикии калониқтидор бо равандҳои гузарандаи хеле вазнин мегузаранд. Мушкилоти асосӣ аз ҳисоби ҷараёнҳои корандозии калон ба амал меояд, ки онҳо як қатор камбудиҳо доранд, ба мисоли гармшавии симпечҳо, корношоям гаштани дастгоҳҳоии корандозӣ, вибратсия, фурӯравии шиддат дар шабака ва ғайраҳо. Аз ҳамин сабаб, имрӯз масъалаи бартараф намудани чунин мушкилот хеле ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Олимон ва муҳандисон барои корандозии мунтазами чунин объектҳо роҳҳо ва воситаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Яке аз роҳи дурнамои хуб дошта ин истифодаи табдилдиҳандаи басомадӣ бо инвертори ҷараён мебошад. Ин сохт, аз рӯи принсипи кораш манбаи ҷараён мебошад, ки метавонад дар реҷаи корандозӣ ҷараёни муҳаррики электрикиро маҳдуд намуда, натиҷаҳои манфиро бартараф кунад. Дар мақола натиҷаи таҳлилҳои инверторҳои ҷараёни истеҳсоли ширкатҳои давлатҳои хориҷа оварда шудааст. Инчунин дар мақола натиҷаи моделиронии компютерии низоми таъминоти барқи пойгоҳи обкашӣ, ки инвертори ҷараён барои корандозии агрегатҳои обкаш истифода шудааст, оварда шуд. Ба сифати барномаи моделиронӣ зеркитобхонаи Simulink аз низоми MATLAB истифода бурда шудааст. Ин низом ҳамаи воситаҳои зарурӣ барои моделиронии сохторӣ ва шабоҳатии низомҳои техникии мураккабро доро мебошад. Инчунин дар мақола натиҷаи муқоисаи таъсироти намудҳои корандозӣ ба низоми таъминоти барқи пойгоҳи обкашӣ оварда шудааст. Нишон дода шуд, ки дар вақти корандозии мунтазам, фурӯравии шиддат дар шабака аз меъёрҳои стандартӣ дур нест. Фурӯравии шиддат, ки аз корандозии мустақими агрегатҳои обкаш ба вуҷуд меояд, дар объектҳои дигари низоми таъминоти барқ натиҷаҳои бадро ба амал меорад, ба монанди дар агрегатҳои пойгоҳҳои ҳамсоя, дар муҳаррикҳои электрикии дигар пойгоҳҳо ва дар умум, дар ҳамаи истеъмолкунандагони нерӯи барқи ин низом. Барои бартараф намудани мушкилоти зикршуда, дар мақола роҳи алтернативии корандозии агрегатҳои обкаш пешниҳод шудааст.

Калидвожаҳо

ҳаракатовари электрикӣ, инвертери ҷараён, низоми таъминоти барқ, муҳаррики синхронӣ, агрегати обкаш, реҷаи корандозӣ, моделиронии компютерӣ, корандозии мунтазам.

Таърихи нашр

2026-08-24