НАҚШИ ФИШАНГҲОИ МОЛИЯВӢ ДАР УСТУВОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

Муаллифон

Акбарова Насиба Абдураҳимовнаассистент, кафедраи идораи молия, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, nasiba-abdurahimovna @mail.ru

Чакида

Мақола ба таҳқиқи нақши фишангҳои молиявӣ дар таъмини устувории фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ бахшида шудааст. Дар он равишҳои назариявӣ оид ба муайян намудани моҳияти фишангҳои молиявӣ ҳамчун унсури муҳимтарини механизми молиявӣ, ки идоракунии самараноки захираҳои молиявӣ, пардохтпазирӣ ва устувории молиявии бонкҳоро таъмин менамояд, баррасӣ шудаанд. Диққати махсус ба чунин фишангҳои асосии молиявӣ, аз қабили сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ, инчунин ба равишҳои методии арзёбии сифати онҳо тавассути низоми коэффитсиентҳои молиявӣ дода шудааст. Дар асоси таҳлили фаъолияти ҶСК «Бонки Эсхата» дар солҳои 2023–2025 арзёбии нишондиҳандаҳои сифати сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ гузаронида шуда, тамоюлҳои асосии тағйирёбии онҳо ва омилҳои таъсиррасон ба устуворӣ ва даромаднокии ташкилоти қарзӣ муайян гардидаанд. Муайян карда шуд, ки пастшавии баъзе коэффитсиентҳо ба афзоиши ҳаҷми қарзҳои мушкилситон ва коҳиш ёфтани даромаднокии маблағҳои ҷалбшуда вобаста мебошад. Дар натиҷаи таҳқиқот тавсияҳои амалӣ оид ба такмили сиёсати қарзӣ ва амонатӣ пешниҳод гардидаанд, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи фишангҳои молиявӣ, таҳкими устувории молиявӣ, паст намудани хавфҳои қарзӣ ва таъмини рақобатпазирии дарозмуддати ташкилотҳои қарзӣ равона шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот метавонанд аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми такмили сиёсати қарзӣ ва амонатӣ, арзёбии сифати сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ, идоракунии фишангҳои молиявӣ ва таҳкими устувории молиявии бонкҳо истифода шаванд.

Калидвожаҳо

механизми молиявӣ, фишангҳои молиявӣ, намуди қарз, амонат, сандуқи қарзӣ, сандуқи амонатӣ, коэффитсиентҳои сифатӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Барулин С. В. Финансы: учебник / С. В. Барулин. – 2 -ое изд. – Москва:, 2015. – 640с.


2. Беспалов Р.А., Мартышова Г.Р. Современная оптимизация политики депозитных операций Российских кредитных организаций // Экономика. Социология. Право. 2022. №1 (25) С. 16- 20.

3. Балабанов И.Т. Основы финансового менеджмента / И.Т. Балабанов. – М.: Финансы и статистика, 1999г. – с.359.

4. Жарковская Е.П. Банковское дело: учебник для студентов и вузов, обучающихся по специальности «Финансы и кредит» / Е.П. Жарковская. – 7-е изд., испр. и доп. – М.: Омега-Л, 2010. – 479 с.

5. Исмаилова Ю.А. Анализ взаимосвязи рынка недвижимости и финансовых кризисов. // Вестник Национального института бизнеса: Сборник научных трудов. Вып. №7. 2008г. – с.298.

6. Коломасова Р. А. Структурно-динамический анализ депозитного портфеля коммерческого банка // E-Scio. 2019. №7 (34).

7. Лаврушин О.И. Банковское дело: учебник / О.И. Лаврушин, И.Д. Мамонтова, Н.И. Валенцова // под ред. О.И. Лаврушина. – М.: Кнорус, 2015. – 348 с.

8. Мигунова Д.А. Структура и функционирование финансового механизма предприятия // Экономика и социум. 2016. №12-2 (31). С. 261-265.

9. Фридман Джек. Анализ и оценка приносящей доход недвижимости. Пер. с англ. — М.: Дело, 1997. — 480 с.

10. Фельзина Ю.А. Методический подход к оценке депозитной политики коммерческого банка. // Научный альманах. 2017. № 1-1 (27). С. 210-212.

11. Яковченко, А. А. Совершенствование финансового механизма деятельности. // Приоритетные векторы развития промышленности и сельского хозяйства. 2018. Т. V. С. 404–409.


Таърихи нашр

2026-08-25