РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

Набиева Ҳусниҷон Наимовнаомӯзгори калон, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон. nabievax@mail.ru

Чакида

Дар мақола нақши сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии рушди инноватсионии иқтисодиёти минтақавӣ дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Асосҳои назариявии мафҳуми сармояи инсонӣ ва ҷузъҳои асосии он, ки ба ташаккули иқтидори инноватсионии минтақа таъсир мерасонанд, баррасӣ шудаанд. Дар асоси маълумоти омории солҳои 2024–2025 вазъи сармояи инсонӣ, сатҳи таҳсилот, шуғли аҳолӣ, маблағгузории соҳаи илм, фаъолияти инноватсионӣ ва рушди саноати минтақа таҳлил гардидааст. Барои арзёбии омилҳои таъсиррасон усулҳои таҳлили муқоисавӣ, таҳлили оморӣ ва таҳлили SWOT истифода шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аксари нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва инноватсионӣ тамоюли мусбат доранд. Ҳамзамон, мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос, нокифоя будани маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши истеҳсолӣ муайян карда шудаанд. Барои баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ ва суръат бахшидани рушди инноватсионии минтақа тадбирҳо оид ба зиёд намудани сармоягузорӣ ба соҳаҳои маориф ва илм, рушди малакаҳои рақамӣ, таҳкими ҳамкории донишгоҳҳо бо корхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдории мутахассисони баландихтисос пешниҳод гардидаанд. Амалисозии ин тадбирҳо ба баланд гардидани рақобатпазирӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд мусоидат хоҳад намуд.

Калидвожаҳо

сармояи инсонӣ, инноватсия, рушди инноватсионӣ, иқтисодиёти минтақавӣ, вилояти Суғд, маориф, иқтидори инноватсионӣ, рушди иқтисодӣ.

Таърихи нашр

2026-08-25