ТАҲЛИЛИ ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ MACHINE LEARNING ДАР ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ КИТОБХОНАИ ЭЛЕКТРОНИИ МТОК

Муаллифон

 

Мақсудов Х.Т.номзади илмҳои физика ва математика, профессор, кафедраибарномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии

 Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, maksudov_kh@yahoo.com

Музафаров М.П.  – магистранти бахши 2, ихтисоси таъмини барномавии  технологияҳои иттилоотӣ,  кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muzafarov@gmail.com

 

Чакида

 

 Мақолаи мазкур фаъолияти системаи иттилоотии китобхонаи электронии ДПДТТХ-ро дар бар мегирад. Китобхонаи электронӣ барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва таҳсили донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши калидӣ бозида, самаранокии истифодаи он аз таъминоти барномавии китобхона вобастагии калон дорад. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии китобхонаи донишкада барои истифодабарандагони система, масалан, донишҷӯёну устодон, роҳҳои ҷорӣ намудани технологияи Machine Learning таҳлил карда шудааст. Натиҷаи кори тадқиқотчиёни соҳа таҳлил карда шудааст. Мушкилиҳои асосие, ки дар раванди кори системаи иттилоотии китобхонаи рақамӣ, кормандони китобхона дучор гаштаанд, муфассал шарҳ дода, роҳҳои ҳалли ин мушкилӣ бо истифодаи технологияи Machine Learning таҳлил карда шудааст. Дар хулоса, муаллиф қайд кардааст, ки методҳо ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар илм на танҳо ҳамчун роҳи тадқиқоти нав, балки ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ, ташкили системаи интеллектуалӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониро истифода бурдан мумкин аст.

 

Калидвожаҳо

 

machine learning (омӯзиши мошинӣ), системаи иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ, автоматикунонӣ, таъминоти барномавии зеҳнӣ

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Библиотека 4.0: технологии и сервисы будущего / Сергей Назароветс, Евгения Кулик // Бібліятэчны свет , 2017, n. 6.
  2. Сравнительный анализ методов «дерево решений» и «случайный лес» – при определении специальности научных текстов / Максудов Х.Т., Иномов Б.Б., Муллоджанов Н.М // Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. – 2019. -№ 3. -С. 23-29.
  3. A Semi-supervised Approach for Improving Search, Navigation and Data Quality in Autonomous Digital Libraries / Mikalai Krapivin // International Doctorate School in Information and Communication Technologies – 2019.
  4. Extraction from Scientific Documents: Improving Machine Learning Approaches with Natural Language Processing / Mikalai Krapivin, Aliaksandr Autayeu, Maurizio Marchese, Enrico Blanzieri, and Nicola Segata, Keyphrases // DISI, University of Trento, Italy – 2010, 19 pages.
  5. Introduction to Machine Learning for Digital Library Applications. / Rodney D. Nielsen // In Proceedings of The 18th ACM/IEEE Joint Conference on Digital Libraries, Fort Worth, Texas USA, June 3-7 2018 (JCDL’18), 2 pages.
  6. Machine Learning+Online Libraries=IDL / Giovanni Semeraro // Dipartimento di Informatica–Universit degli Studi di Bad Via E. Orabona 4-70126 Bari, Italy, p 195-214.

 

Таърихи нашр

2023-10-27

Leave a Comment