НАМУНАИ РОТОРКУНОНИИ МОТОРҲОИ СИНҶРОНУС БО МАГНИТҲОИ ПЕРМАНТ

Муаллифон   Сафин A.Р. – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон,  Ҷумҳурии Тотористон, Россия, sarkazan@bk.ru Ившин И.В. – доктори илмҳои техникӣ, мудири кафедраи таъминоти барқикорхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, ivshini@mail.ru Грачева Е.И. – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, grachieva.i@bk.ru Петров Т.И. – ассистент, кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, tobac15@mail.ru   Чакида    …

Read More

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Муаллифон    Исомаддинова Р.М. – номзади илмҳои физика – математика, дотсент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rano1971@rambler.ru   Чакида    Дар мақола мақом ва усули истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони касбӣ дар низоми фосилавӣ таҳлил карда шудааст. Салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян карда шуда, нишон дода шудааст, ки татбиқи самараноки технологияи замонавӣ дар такмили ихтисос азнавкунии бефосилаи донишро таъмин мекунад. Муайян карда шуд, ки сифати баланди такмили ихтисос дар шароити худомӯзӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани…

Read More

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТАВАРРУМ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАБҲАҲОИ АМАЛӢ

Муаллифон   Файзиева П.У. – ассистент, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,  ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, p_fize-k@mail.ru   Чакида      Дар мақола сатҳи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваррум дар асоси нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таҳлил карда шуданд. Таъсири омилҳои мавсимии давраи кӯтоҳмуддат ба сатҳи таваррум муайян гардид, ки дар натиҷаи баланд гардидани нархи гурӯҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ба амал омад. Ҷабҳаҳои асосии танзими ин раванд ба монанди сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани қурби пули миллӣ ва коҳишёбии…

Read More

САРМОЯГУЗОРӢ БА ИЛМУ МАОРИФ ҲАМЧУН ПОЯИ ИНКИШОФИ БОЗОРИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАҲСУЛОТҲОИ ЗЕҲНӢ

Муаллифон    Бакаев М.Х. – номзади илмхои техникӣ, дотсент, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, bakaevmh@mail.ru   Чакида     Дар мақолаи мазкур  муаммоҳои баррасии таъсири сармоягузориҳо дар соҳаи илм ва маориф нишон дода шуда, ин таҳлил на танҳо барои соҳаи технологияҳои рақамии муосир, балки барои тамоми хоҷагии ҷаҳон дар маҷмӯъ низ тааллуқ дорад. Инчунин, дараҷаи воридшавии технологияҳои рақамӣ ба дигар соҳаҳо низ дида баромада шуда, ҳангоми таҳлили таъсири маблағгузории илм ва маориф дар рушди бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳар як…

Read More

ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Муаллифон    Раупов К.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, сармуаллим, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ   Чакида    Роҳҳои таъмини амнияти озуқавории давлатҳои мутараққӣ баррасӣ гардиданд. Усулҳои асосии дастгирӣ ва таъмини амнияти бозори маҳсулоти хӯрока ва савдои беруна ба монанди боҷҳои гумрукӣ ва андозситонӣ, аксизҳо, намудҳои гуногуни андоз, инчунин меъёрҳои ғайриандозӣ таҳлил карда шуданд. Ба натиҷаҳои гузаронидани сиёсати давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар сектори аграрӣ дар самтҳои ташкили дурусти бозори молу маҳсулот; ҳифзи амнияти даромади фермерон; дастгирӣ дар амалигардонии маҳсулоти барзиёдатӣ баҳо дода шуд. Муайян…

Read More

САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИИ ИСТИФОДАИ ПАРТОВҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР СОХТМОН

Муаллифон   Аминов Ф.А. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи сохтмон,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С Осимӣ   Чакида    Дар мақолаи мазкур асосноккунии иқтисодӣ ва технологии истифодаи партови соҳаи истеҳсолоти алюминий – гили калсиронидашуда дар таркиби сементи сохтмон оварда шудааст. Иловаи 15% ин мавод, ки партови ашёи боксит дар истеҳсоли алюминий мебошад, имконият медиҳад, ки хосиятҳои физикӣ, механикӣ ва химиявии семент хеле беҳтар шавад, арзиши аслии семент кам шуда, партови корхона самаранок истифода шавад. Яке аз камбудиҳои маҳлули сементӣ ин гигроскопӣ будани маҳсулоти тайёршуда…

Read More

ЗАМИНАҲОИ ГУЗАРИШ БА МОДЕЛИ САНОАТӢ – АГРАРИИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ Б. ҒАФУРОВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон   Комилӣ М.М. – Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон   Чакида     Дар асоси таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии нишондиҳандаҳои асосии ноҳия соҳаҳои пешбари он муайян карда шуданд, ки афзоиши устувори иқ-тисодиётро таъмин месозанд. Асоснок карда шуд, ки таъсисёбии корхонаҳои зиёди муштарак ва ватании саноатӣ дар даҳсолаи охир боиси баланд шудани сатҳи дивер-сификатсияи истеҳсолии ноҳия гашт ва ба гузаштан аз модели аграрӣ – саноатӣ ба модели саноатӣ – аграрии рушди иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров замина гузошт. Дар хулоса муалиф қайд намуд, ки рушди минбаъдаи ноҳия дар асоси…

Read More

МУАЙЯНКУНИИ МУАЛЛИФИ АСАРҲОИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ БО ВОСИТАИ БИГРАММАҲОИ РАМЗӢ

Муаллифон   Солиев О.М. – номзади илмҳои физикӣ – математикӣ, омӯзгори калон, кафедраи  барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қосимов О.А. – магистрант, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ   Чакида    Муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии биграммаҳои забони русӣ дар асарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ин муайянкунандаи муаллиф аст. Барои муайянкунии муал-лифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои биграмма ва имконияти истифодабарии таснифгари Усмонов З.Ҷ. таҳқиқот гузаронида шуд. Роҳҳо, мақсад ва имкониятҳои таснифгари Усмонов З.Ҷ.…

Read More

ТАРҶУМОНИ МОШИНИИ НЕЙРОНӢ: ИСТИФОДАИ OPENNMT БАРОИ ОМӮЗОНИДАНИ МОДЕЛИ ТАРҶУМОН

Муаллифон   Солиев П.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қосимов А.А. – омӯзгори калон, кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ,  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ   Чакида    Дар мақола шарҳи коркарди модулҳо барои тарҷумони мошинии нейронӣ бо истифода аз OpenNMT оварда шудааст. Қадамҳои омӯзонидани маълумот ва тайёр кардани система барои тарҷума нишон дода мешаванд. Инчунин коркарди модулҳо барои тарҷумони мошинии забони тоҷикӣ гуфта шудааст. Натиҷаҳои таҷрибаҳои гузаронидашуда оид ба истифодаи шабакаҳои нейронӣ…

Read More

ҶАБҲАҲОИ ИҚТИСОДИИ РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМИИ НОҚИЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон   Сайдуллоев У.Ӯ. – унвоҷӯ, кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   Чакида    Дар мақола масъалаҳои рушди хизматрасонии телевизиони рақамӣ баррасӣ шудааст. Таҳлили услубҳои баланд бардоштани рақобатнокии шабакаҳои телевизони ноқили гузаронида шудааст. Тарафҳои мусбати ҳамкориҳои давлатию – инфиродӣ ва намудҳои моликияти омехта, ки барои баланд бардоштани самаранокии ворид намудани телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, тавсия шудааст. Рушди шабакаҳои телевизиони рақамии ноқилӣ ва ворид намудани хизматрасониҳои иловагӣ, ки барои истифодабарии захираҳои мавҷуд будаи шабакаҳои телевизионӣ имконият медиҳад, аз нуқтаи назари иқтисодӣ…

Read More