Муаллифон Аминҷонова М.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраииқтисодиёти саноатӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, muhiba7788@gmail.com Чакида Ҷанбаҳои институтсионалии баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва татбиқи самарабахши лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ карда мешавад. Дар ҳалли масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳо нақши муҳим дорад. Ҷузъи муҳимми он ҷолибияти сармоягузорӣ мебошад, ки бо омилҳои мухталиф – муҳити институтсионалӣ, ҷойгиршавии…
Read MoreCategory: Паёми-дпдтт-2019
ТАМОЮЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ТАВОЗУНИ ПАРДОХТИ ТОҶИКИСТОН
Муаллифон Раупов К.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи молия ва қарз,Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академикМ.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, komiljon001@mail.ru Чакида Сохтор ва ҳаҷми содироти хизматрасониҳои Тоҷикистон таҳлил карда шуданд. Мақоми содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ ҳамчун самти баланд бардоштани иқтидори содироти мамлакат ва тамоюли рушди он асоснок гардиданд. Муайян карда шуд, ки дар давоми солҳои баррасишуда ҳаҷми он ду маротиба зиёд шуда, фаъолияти сайёҳӣ дорои имконияти назаррас мебошад. Динамикаи нишондиҳандаи қисми ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва сохтори содироти соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карда…
Read MoreТАМОЮЛҲОИ РУШДИ БОЗОРИ МУОСИРИ МИНТАҚАВИИ МЕҲНАТ
Муаллифон Муминова Ш.Н. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи иқтисодиётисаноатӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shohzodakhon1987@mail.ru Чакида Дар мақола тамоюли рушди бозори минтақавии меҳнат ва дигаргуниҳои сохторӣ дар таркиби ҳайати коргарон ва бекорон таҳлил карда шудаанд. Таҳлили муфассали сохтори қувваи корӣ гузаронида шудааст, ки равандҳои ҷорӣ ва тағйири динамикии онҳоро муайян мекунад. Нишон дода шудааст, ки чӣ гуна номутобиқатӣ ба номутобиқатии сохтории пешниҳод ва талабот дар низоми таълим ва шуғли кадрҳои баландихтисос оварда мерасонад, ки ба нишондиҳандаҳои иқтисодии…
Read MoreАЛГОРИТМИ ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ КОРХОНАҲО ДАР БОЗОРИ МИНТАҚАВӢ
Муаллифон Авезова М.М. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, кафедраи иқтисодиёти саноатӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru Воҳидова А.А. – магистрант, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, azizahonvohidova@gmail.com Чакида Таснифи равишҳои методологӣ оид ба таҳияи алгоритми ташаккули стратегияи рушди корхонаҳо дар бозори минтақавӣ гузаронида шудааст. Алгоритм асос ёфтааст, ки бо вуҷуди нигоҳ доштани бартариҳои баррасишаванда оид ба ташаккули стратегияи рушди корхонаҳои азими саноатӣ, истифодаи маълумоти мавҷудаи оморӣ барои таҳияи стратегияи…
Read MoreҲИСОБИ ШАБАКАҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ ДОРОИ МАНБАИ ТАҚСИМШУДА АЗ РӮЙИ УСУЛИ ДУ ГИРЕҲ ДАР МИСОЛИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Муаллифон Тошхоҷаева М.И. – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, shukrona14_01_2011@mail.ru Чакида Имконияти истифодаи системаҳои дорои манбаи тақсимшуда дида баромада шудааст. Роҳҳои интегратсияи системаҳои дорои манбаи тақсимшуда, мураттаб намудани якчанд манбаи маҳаллии энергияи барқ бо манбаи мутамарказ баррасӣ гардидааст. Ба сифати мисол, системаи таъминоти барқии корхонаҳои саноатии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро метавон пешниҳод кард. Нақшаи як хаттаи таъминоти барқии корхонаҳои саноатӣ оварда шудааст. Борҳои электрикии корхонаҳои саноатӣ вобаста аз рушди дурнамо таҳлил карда шудааст.…
Read MoreНАМУНАИ РОТОРКУНОНИИ МОТОРҲОИ СИНҶРОНУС БО МАГНИТҲОИ ПЕРМАНТ
Муаллифон Сафин A.Р. – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, sarkazan@bk.ru Ившин И.В. – доктори илмҳои техникӣ, мудири кафедраи таъминоти барқикорхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, ivshini@mail.ru Грачева Е.И. – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, grachieva.i@bk.ru Петров Т.И. – ассистент, кафедраи таъминоти барқи корхонаҳои саноатӣ, Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон, ш. Қазон, Ҷумҳурии Тотористон, Россия, tobac15@mail.ru Чакида …
Read MoreИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Муаллифон Исомаддинова Р.М. – номзади илмҳои физика – математика, дотсент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rano1971@rambler.ru Чакида Дар мақола мақом ва усули истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони касбӣ дар низоми фосилавӣ таҳлил карда шудааст. Салоҳияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян карда шуда, нишон дода шудааст, ки татбиқи самараноки технологияи замонавӣ дар такмили ихтисос азнавкунии бефосилаи донишро таъмин мекунад. Муайян карда шуд, ки сифати баланди такмили ихтисос дар шароити худомӯзӣ ҳангоми дар амал татбиқ намудани…
Read MoreТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТАВАРРУМ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҶАБҲАҲОИ АМАЛӢ
Муаллифон Файзиева П.У. – ассистент, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, p_fize-k@mail.ru Чакида Дар мақола сатҳи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваррум дар асоси нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таҳлил карда шуданд. Таъсири омилҳои мавсимии давраи кӯтоҳмуддат ба сатҳи таваррум муайян гардид, ки дар натиҷаи баланд гардидани нархи гурӯҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ба амал омад. Ҷабҳаҳои асосии танзими ин раванд ба монанди сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани қурби пули миллӣ ва коҳишёбии…
Read MoreСАРМОЯГУЗОРӢ БА ИЛМУ МАОРИФ ҲАМЧУН ПОЯИ ИНКИШОФИ БОЗОРИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАҲСУЛОТҲОИ ЗЕҲНӢ
Муаллифон Бакаев М.Х. – номзади илмхои техникӣ, дотсент, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, bakaevmh@mail.ru Чакида Дар мақолаи мазкур муаммоҳои баррасии таъсири сармоягузориҳо дар соҳаи илм ва маориф нишон дода шуда, ин таҳлил на танҳо барои соҳаи технологияҳои рақамии муосир, балки барои тамоми хоҷагии ҷаҳон дар маҷмӯъ низ тааллуқ дорад. Инчунин, дараҷаи воридшавии технологияҳои рақамӣ ба дигар соҳаҳо низ дида баромада шуда, ҳангоми таҳлили таъсири маблағгузории илм ва маориф дар рушди бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳар як…
Read MoreТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Муаллифон Раупов К.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, сармуаллим, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Чакида Роҳҳои таъмини амнияти озуқавории давлатҳои мутараққӣ баррасӣ гардиданд. Усулҳои асосии дастгирӣ ва таъмини амнияти бозори маҳсулоти хӯрока ва савдои беруна ба монанди боҷҳои гумрукӣ ва андозситонӣ, аксизҳо, намудҳои гуногуни андоз, инчунин меъёрҳои ғайриандозӣ таҳлил карда шуданд. Ба натиҷаҳои гузаронидани сиёсати давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар сектори аграрӣ дар самтҳои ташкили дурусти бозори молу маҳсулот; ҳифзи амнияти даромади фермерон; дастгирӣ дар амалигардонии маҳсулоти барзиёдатӣ баҳо дода шуд. Муайян…
Read More