Муаллифон
Сатторов И.А. – аспирант, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ассистенти кафедраи иқтисод ва соҳибкории Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, isata_90@mail.ru
Чакида
Дар мақола нақши бозори озуқаворӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ шудааст. Рушди бозори озуқаворӣ ва динамикаи ҳаҷми муомилоти чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардид. Арзёбии вазъи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Сохтори системаи маркетингии маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод шуда, самтҳои беҳтар намудани мубодилаи мол дар дохили каналҳои маркетингӣ барои тақсимоти мол дар бозорҳои хӯрокворӣ муайян гардиданд. Диққати махсус ба таъсири технологияҳои маркетинг ба ҳаҷми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва сифати хизматрасонӣ ба субъектҳои бозори истеъмолӣ дода шудааст.
Калидвожаҳо
амнияти озуқаворӣ, бозори озуқаворӣ, сохтори институтсионалӣ, маркетинги маҳсулоти хӯрокворӣ, системаи маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ
Таърихи нашр
2023-10-26