ТАЪСИРИ ТАКОНҲОИ НОГАҲОНӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ ХУРДИ КУШОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (дар мисоли COVID – 19)

Муаллифон

 

Саидмуродов Л.Ҳ. − доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияимиллии илмҳои Тоҷикистон, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, lsaidmuradov@rambler.ru

Ғоибназаров Ғ.У. − муаллими калон, мудири кафедраи молия ва ҳисобдории коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Gies1992@mail.ru

 

Чакида

 

 Дар мақола хусусиятҳои таъсири манфии таконҳои беруна, ки дар натиҷаи ба вуҷуд омадани таъсири таконҳои ногаҳонӣ, ба монанди пандемияи COVID-19 баромадааст, мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Инчунин, самтҳои асосии фаъолияти иқтисодиёти миллии кишвар, ки ҷумҳуриро бевосита ба муносибатҳои байналмилалӣ, яъне бозори ҷаҳонӣ пайваст менамояд ва тавассути онҳо иқтисодиёти миллӣ таъсири берунаро эҳсос намуда истодааст, аз ҷумла: дар самти муҳоҷирати берунӣ, дар самти тиҷорати берунӣ ва дар самти бонкдорию ҷалби сармоягузорӣ, мавриди таҳлил қарор дода шуда, чораҳои пешгирикунанда пешниҳод карда шудааст. Дар мақола пешниҳодҳои зерин оид ба пешгирии таъсирҳои ногаҳонии пандемияи  COVID-19 бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии иқтисодиёти хурди кушоди ҷумҳурӣ асоснок гардиданд: таъмин намудани муҳоҷирони баргашта бо ҷойҳои корӣ; зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди гандум ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, ки қобилияти паст намудани вобастагии ҷумҳуриро аз вориди маҳсулоти озуқаворӣ дорад; ҷоннок намудани корҳо ва ҷалб намудани мутахассисон ба соҳаи кишоварзӣ. Натиҷаи таҳқиқотро метавон дар раванди такмил додани нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ истифода бурд.

 

Калидвожаҳо

 

хусусиятҳои таъсири таконҳои беруна, иқтисодиёти хурди кушод, самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, пандемияи COVID-19, молҳои асосии содиротӣ, интиқоли маблағи муҳоҷирати меҳнатӣ

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

 

  1. Авезова М.М. Эволюция теорий процесса формирования внешнеторговой политики. Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. 2013. № 1 (53). С. 75-82.
  2. Бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019. Саҳ-101. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019. – 478. С. 199-200.
  3. Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, январ – декабри 2020 с. С. 110-111.
  4. Всемирный банк. Проект экстренного реагирование на COVID-19 в Таджикистане (Р173765).
  5. Гоибназаров Г.У. Влияние внешней трудовой миграции на экономику Республики Таджикистан / Г.У. Гоибназаров // Вестник Академии наук Республики Таджикистан (раздел общественных наук), 2019. – №1 (254). – С. 116-122 (0,75 п.л.).
  6. Иностранные инвестиции в экономику Таджикистана в 2020 году составили свыше 5.4 миллиарда сомон. [Электронный ресурс]- https://tj/sputniknews.ru/
  7. Лондонская биржа цветных металлов ЛМЕ/LME – цены. [Электронный ресурс] / – http://metallicheckiy-portal.ru/index-cen-lme.
  8. Объем денежных переводов физических лиц из России в Таджикистан снизился на 37%. [Электронный ресурс]- http://avesta.tj/2020/12/23/.
  9. Пресс-релиз 22 апреля 2020. Всемирный банк прогнозирует самое масштабное сокращение объёма денежных переводов за последнее время. knomad.org.
  10. Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018.
  11. Трансграничные операции физических лиц по основным странам контрагентам. Перечисления из России с 2008 г. по 2020г. [Электронный ресурс]- https://www.cbr.ru/statistics/macro_itm/tg/.
  12. Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  13. Экономический обзор Таджикистана. Апрель 2020. Ҳамкории Олмон, GIZ.
  14. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ», аз 30 ноябри соли 2018, №557. ш. Душанбе.  

 

Таърихи нашр

2023-10-27