Муаллифон
Авезова М.М. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru
Юсупова М.З. – ассистент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, yusupova-mahbuba@bk.ru
Ишанова С.С. – муаллими калон, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва идоракунӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru
Чакида
Таснифи усулҳои баҳодиҳии системаи менеҷменти сифати макотиби олӣ аз рӯйи аломатҳои асосӣ гузаронида шуд. Муносибати методологӣ ба арзёбии системаи идоракунии сифат (СИС) дар макотиби олӣ ҳамчун рушди усулҳои мавҷуда дар асоси талаботи бозори меҳнати минтақавӣ тавассути додани диққати афзалиятнок ба муқаррароти стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи корфармоён нисбат ба номзадҳо ба ҷойҳои холӣ асоснок карда шудааст. Алгоритми арзёбии самаранокии системаи идоракунии сифати макотиби олӣ пешниҳод шудааст. Арзёбии самаранокии системаи идоракунии сифати хизматрасонии таълимӣ дар зинаи бакалаврии ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ аз рӯйи ихтисоси 1-250107-иқтисод ва менеҷмент дар корхона тибқи усули таҳияшуда гузаронида шуд. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор аз хизматрасонии таълимии макотиби олӣ тадқиқоти пурсишӣ оид ба субъектҳои бозори таҳсилоти олии касбӣ гузаронида шуд. Сатҳи даромаднокии системаи идоракунии сифат бо дарназардошти дараҷаи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор ҳисоб карда шуд, ки самаранокии баланди тадбирҳои идоракунии сифати хизматрасонии таълимро тавсиф медиҳад. Бо кори хуб ба роҳ мондашудаи СИС сифати хизматрасониҳои таълимии пешниҳодшаванда боло меравад, ки ин боиси афзоиши рақобатпазирии макотиби олӣ дар бозори таҳсилоти олии касбй мегардад.
Калидвожаҳо
бозори меҳнат, таҳсилоти олии касбӣ, самаранокӣ, субъектҳои бозор, системаи идоракунии сифат, хизматрасониҳои таълимӣ, равандҳо, стандартҳои таълимӣ, корфармоён
Таърихи нашр
2023-10-27