Муаллифон
Акрамова З.Б. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru
Турсунова Ш.Т. – омӯзгор, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, tursunova0109@list.ru
Чакида
Неруи инсонӣ ҷузъи муҳимми рушди устувори корхона ва рушди иҷтимоию иқтисодии тамом дар умум ба ҳисоб меравад. Истифодаи захираҳои меҳнатй дар корхонаҳо ва иқтидори онҳо ба тараққиёти устувори корхонаҳо таъсир мерасонад. Дар робита ба ин, роҳбарияти корхона барои таҳияи стратегияи рушди он бояд сатҳи неруи инсониро баҳо диҳад. Дар мақола аҳамияти арзёбии неруи инсонӣ дар корхонаҳои саноатӣ дар сатҳи минтақавӣ нишон дода шудааст. Тадқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ, ки ба асосҳои назариявӣ ва ҷанбаҳои таҳлилии муаммои рушди неруи инсонӣ ва баҳодиҳии сатҳи он бахшида шудаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар он инчунин нишондиҳандаҳое, ки барои арзёбии сатҳи неруи инсонии корхонаи саноатӣ заруранд ва усули ҳисоби он оварда шудаанд. Илова бар ин, сатҳи неруи инсонӣ дар мисоли корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020 таҳлил карда шудааст. Дар асоси натиҷаи таҳлили нишондиҳандаҳои неруи инсонӣ сатҳи неруи инсонии корхонаи нассоҷӣ бо усули баҳодиҳии интегралӣ баҳо дода шуд. Натиҷаи таҳқиқот нишон доданд, ки дар корхонаи таҳлилшаванда сатҳи неруи инсонӣ паст буда, тамоюли ноустувор дорад. Мушкилоте, ки боиси паст шудани дараҷаи неруи инсонии корхона мешаванд, ошкор карда шуданд. Хулоса карда шуд, ки дар корхона якчанд проблемаҳо вобаста ба идоракунии неруи инсонӣ мавҷуд аст. Маълум шуд, ки яке аз сабабҳои асосии сатҳи пасти инкишофи неруи инсонӣ ҳозир набудани шиносоии роҳбарон бо рушди стратегӣ ва идроки муҳиммияти фаъолгардонии омили инсонӣ дар шароити имрӯза ба ҳисоб меравад.
Калидвожаҳо
неруи инсонӣ, корхонаи саноатӣ, арзёбии неруи инсонӣ, нишондиҳандаҳои маҷмӯии неруи инсонӣ, усули ҳисобкунӣ
Таърихи нашр
2023-10-27