УСУЛҲОИ ПАСТ НАМУДАНИ ТАЛАФИ ШИДДАТ ДАР ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ ВА МОДЕЛИРОНИИ ОН ДАР МУҲИТИ МАТЛАБ

Муаллифон

 

   Тошхоҷаева М.И. номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон,shukrona14_01_2011@mail.ru

 

Чакида

 

    Дар мақолаи мазкур муаммои кам намудани талафи шиддат дар хатҳои интиқоли барқи таъминотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шудааст, инчунин таъсири аз меъёр зиёди шиддат ба амали таҷҳизот дида баромада шудааст, афтиши шиддат ва қимати иқтидори активӣ ва реактивӣ дар интиҳои хатти интиқоли барқ дар давоми як шабонарӯз ба намуди диаграмма оварда шудааст. Роҳҳои ба эътидол овардани талафи шиддат дар шабакаҳои таъминотӣ бо истифода аз насби сохтҳои ҷубронӣ ва муқоисаи талафи шиддат то ва баъди ҷубронкунӣ  нишон дода шудааст. Бо мақсади таҳлили равандҳои дар хатти интиқоли барқ ҷоришаванда модели хатти интиқоли барқи ҳавоӣ дар муҳити матлаб тартиб дода шудааст. Дар он моделҳои тайёри таҷҳизоти гуногун, ба монанди трансформатор, мошинҳои электрикӣ, элементҳои занҷирҳои электрикӣ, асбобҳои ченкунандаи электрикӣ, манбаъҳои ҷараён ва шиддат мавҷуд мебошанд. Бо ёрии SimPowerSystems моделҳои мураккаби системаи электроэнергетикиро коркард намудан, тадқиқот намудан ва гузаронидани таҷрибаҳо гузаронидан имконият дорад. Натиҷаи моделиронӣ ба намуди тағйирёбии шиддат дар оғоз ва интиҳои хатти интиқоли барқ оварда шудааст, дар модели баррасишуда раванди гузариш ҳангоми васли хатти интиқоли барқ ба манбаъ оварда шудааст.

 

Калидвожаҳо

 

 хатти интиқоли барқ, талафи шиддат, моделиронӣ, системаи таъминоти барқ

 

Таърихи нашр

2023-10-27

Leave a Comment