Муаллифон
Акрамова З.Б. – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи иқтисодиёти муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик М.С. Осими, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, zarrina_2309@mail.ru
Саидова Ф.А. – магистранти курси 2 ихтисоси 250107 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осими, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, firuzakhonsaidova_2202@mail.ru
Чакида
Мақола ба баррасии нақши сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии фаъолнокии инноватсионии корхонаи саноатӣ бахшида шудааст. Исбот шудааст, ки байни фаъолнокии инноватсионӣ ва сармояи инсонии корхона робитаи қавӣ вуҷуд дорад. Дар асоси таҳлили эконометрикӣ модели бисёромилаи вобастагии фаъолнокии инноватсионии корхона ба ҷузъҳои таркибии он сохта шудааст. Дар асоси ин модел омилҳо аз рӯи дараҷаи аҳамияти онҳо ба рушди фаъолнокии инноватсионии корхона гурӯҳбандӣ карда шудааст. Муайян карда шуд, ки аз ҳамаи омилҳои ба назар гирифташуда ба сатҳи фаъолнокии инноватсионии корхона бештар блоки кадрӣ таъсир мерасонад, ки асоси онро сармояи инсонӣ ташкил медиҳад. Асоснок карда шудааст, ки сармояи инсонӣ ҷузъи асосии истеҳсолот ва манбаи асосии рушди инноватсионии корхона ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишвар мебошад. Навоварй дар он ҷое мутамарказ мешавад, ки шароити мувофиқ — олимон, мутахассисон, муҳандисон, донишкададои олй, корхонаҳои илмию инноватсионй фароҳам оварда шудааст. Маҷмӯаи ин унсурҳо асоси низоми миллии инноватсионӣ мебошад. Тавсия дода мешавад: азбаски сатҳи рушди сармояи инсонии корхонаи таҳлилшаванда дар сатҳи миёна қарор дорад, корхона бояд сиёсати кадрҳоро баррасӣ намуда, стратегияи рушди сармояи инсониро таҳия намояд, то сатҳи дурусти фаъолияти инноватсиониро дар шароити вусъат додани рақобат таъмин намояд.
Калидвожаҳо
сармояи инсонӣ, назарияҳо оиди шарҳи мафҳуми “сармояи инсонӣ”ва “инноватсия”,маблағгузорӣ, самараи маблағгузорӣ
Таърихи нашр
2023-10-27