ШАКЛҲОИ ТАШКИЛӢ-ҲУҚУҚИИ РАВАНДҲОИ ИНТЕГРАТСИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА УСУЛҲОИ ТАНЗИМИ ОН

Муаллифон

Болтуев С.Ш.профессор, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи тиҷорат ва
ҳуқуқи байналмилалӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон,
ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, samadboltuev@gmail.com

Чакида

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои таносуби раванди интегратсионӣ дар
иқтисодиёт бо раванди унификатсия ва гармонизатсияи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар
қонунгузории ҳамин давлатҳо баррасӣ гаштаанд. Таваҷҷуҳ ба заминаҳои ҳуқуқии
ҳамкорӣ ва амали якҷояи давлатҳо дар иттиҳоди иқтисодии ҷаҳонӣ бо роҳи созмон
додани ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ бо иштироки давлатҳои соҳибихтиёр
нигаронида шудааст. Диққати бештар ба масъалаи таъсири татбиқи дурусти услубҳои
унификатсионӣ, имплементатсионӣ ва гармонизатсионӣ дар қонунгузорӣ ба
самаранокии раванди интегртсионӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунон ба сифати мисол
дар қатори шаклҳои намунавии (классикии) ифодаёбии ҳамкории байналмилалӣ
(Иттиҳоди Аврупо, ИДМ) шакли нисбатан нави ҳамкории давлатҳо – Ташкилоти
ҳамкории Шанхай ёдоварӣ мегардад. Оиди хусусиятҳои фарқкунандаи интегратсияи
иқтисодӣ дар чорчубаи ИИА аз сарчашмаҳои гуногун донистан мумкин аст. Аз ҳамин
сабаб, мо ният дорем дар мақолаи мазкур масъалаҳои таносуби раванди интегратсионӣ
дар иқтисодиётро бо ҷараёни унификатсия ва гармонизатсияи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар
қонунгузории ин давлатҳо баррасӣ намоем. Ба сифати мисоли классикӣ мо қарор додем
муносибати ҳамдигарии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупоро, ки дар тули таърихи
нимасраи мавҷудияти он давраҳои гуногуни инкишофро гузаштаанд, дида бароем. Пас аз
он ба таҳқиқи таҷрибаи мамлакатҳои аъзои иттиҳоди нисбатан ҷавон – Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оиди ҷараёни унификатсия ва гармонизатсияи
қонунгузории худ мегузарем, ки ҷамъбаст ва хулоса аз руи онҳо дар мавридҳои ташкил
ва/ё ворид шудан дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ татбиқ гаштанаш мумкин аст.

Калидвожаҳо

интегратсия, унификатсия, имплементатсия, гармонизатсия, қонунгузорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳоди иқтисодии ҷаҳонӣ, рақобат, сармоягузорӣ.

Таърихи нашр

2026-03-22