НИЗОМИ ИДОРАИ НЕРӮИ МЕҲНАТӢ ДАР КОРХОНАҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК
Муаллифон
Чакида
Дар шароити рушди ҷаҳонишавӣ корхонаҳои муосир бо мураккабӣ ва
гуногунии вазифаҳои идораи нерӯи меҳнатӣ дучор меоянд. Раванди идораи нерўи
меҳнатӣ ба марҳилаи нав ворид мешавад, ки он рушди низоми идораи корхона,
такрористеҳсолоти захираҳои меҳнатӣ, такмили доимӣ, пайгирӣ ба тағйирот,
навоварӣ, рушди идора аз тарафи роҳбарият, ҷустуҷӯ ва таҳияи ғояҳои навро дар бар
мегирад. Муваффақияти ҳар як корхона дар шароити рақобати ҷаҳонӣ бештар аз сатҳи
салоҳият, касбият, истифодаи самараноки нерӯи меҳнатӣ вобаста аст, ки ташаккули
онҳо вазифаи аввалиндараҷаи корхона маҳсуб меёбад. Шароити кунунӣ самти
корхонаҳои муосирро ба ҷустуҷӯи низоми оқилонаи идораи нерӯи меҳнатӣ бо мақсади
баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо ва зиёд кардани талабот ба коргарон
ва роҳбарони баландихтисос муайян мекунад. Ҳангоми мавҷудияти низоми самараноки
идораи нерӯи меҳнатии корхона ҳадафҳои корхона бо ҳадафҳои корманд мувофиқат
мекунад, ки дар натиҷа самаранокии фаъолияти корхонаро баланд бардошта, иҷрои
вазифаҳои гузошташударо бо ҳаҷми пурра таъмин мекунад. Ҳадафи мақолаи мазкур
таҳияи низоми идораи нерӯи меҳнатии корхонаи соҳаи саноати сабук ба ҳисоб меравад.
Дар мақола муҳимияти идораи нерӯи меҳнатии корхона ва зарурияти таҳияи низоми он
оварда шудааст. Дар натиҷаи омӯзиши корҳои илмиву таҳқиқотии олимони хориҷиву
ватанӣ моҳияти “нерӯи меҳнатӣ” ва нақши он дар фаъолияти корхонаҳо шарҳ дода
шудааст. Омилҳое, ки ба нерӯи меҳнатии корманд таъсир мерасонанд, муайян карда
шудаанд. Дар мақола принсипҳои ташаккули низоми идораи нерӯи меҳнатӣ дар
корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва мундариҷаи онҳо шарҳ дода шудааст. Ҳангоми
таҳияи низоми идораи нерӯи меҳнатӣ сараввал зернизомҳои он муайян карда шуданд, ки
ҳамаи ин зернизомҳо ба сатҳи рушди нерӯи меҳнатии ҳам як корманди алоҳида ва ҳам
тамоми кормандони корхона таъсир мерасонанд. Дар асоси ин зернизомҳо аз ҷониби
муаллиф низоми идораи нерӯи меҳнатии корхона бо истифодаи механизмҳои
ҳавасмандгардонии кормандон пешниҳод карда шудааст.
Калидвожаҳо
нерӯи меҳнатӣ, корхонаи саноатӣ, омилҳои нерӯи меҳнатӣ, идораи нерӯи меҳнатии корхона, марҳилаҳои идора, принсипҳои низоми идора, низоми идораи нерӯи меҳнатӣ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Акрамова З.Б. Человеческий капитал как фактор устойчивого развития
региональной экономики, “Вестник ХПИТТУ им. акад. М.С. Осимӣ” №2 (7), 2018, стр.
70-75
2. Генкин Б.М. Экономика и социология труда / Б.М. Генкин. – 7-е изд., доп. – М.:
Норма, 2007. – С.26.
3. Добрынин А.Н., Дятлов С.А., Царенова Е.Д. Человеческий капитал в
транзитивной экономике: формирование, оценка, эффективность использования. –
СПб.: Наука, 1999. – С. 259.
4. Добровинский А.П. Управление персоналом в организации: учебное пособие. –
Томск: Изд-во Томского политехнического университета, 2011. – 416 с.
5. Панкратов А.С. Управление воспроизводством трудового потенциала/А.С.
Панкратов. М.: Изд-во МГУ, 1988. – С. 56.
6. Трудовые ресурсы. Социально-экономический анализ/Под ред. Костакова В.Г.
М., 1976. – С.74
7. Управление персоналом: энциклопедический словарь/ под ред. А.Я. Кибанова. –
М.: ИНФРА-М.
Таърихи нашр
2026-03-22