САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИИ КОРКАРДИ НАМУДИ НАВИ МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ИЛОВАИ АШЁИ ХОМИ ҒАЙРИАНЪАНАВӢ

Муаллифон

Комилова Дилрабо Абдувалиевна номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, komilova1285@mail.ru
Раҳмонова Ҷамилахон Абдуҳамидовна – номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, rahmonovajamilya_1984@mail.ru

Чакида

Дар асоси суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар, аз 27 млрд. сомонӣ ба 53 млрд. сомонӣ расонида шуда бошад ҳам, ҳанӯз ин нокифоя аст. Бинобар ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ дар истеҳсолот, васеъ истифода кардани технология доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат бояд тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд, ки ин ба рушди устувори иқтисодӣ ва гузариши ниҳоии саноати нонӣ ба роҳи тараққиёти инноватсионӣ, шарти фаъолияти босамараи истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар бозори озуқа роҳандозӣ карда мешавад. Дар мақолаи мазкур таҳлили натиҷаҳои иқтисодию технологӣ оид ба коркарди нони гандумӣ бо истифодаи ашёи хоми ғайрианъанавй оварда шудааст. Тадқиқоти муосир нишон медиҳад, ки гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ қоидаҳои истеъмоли ғизоро риоя намекунанд ва хӯроки серғизои дорои моддаҳои биологии фаъолро хеле кам истеъмол мекунанд. Барои баланд бардоштани ин нишондиҳанда як қатор усулҳои технологӣ мавҷуданд, ки яке аз онҳо беҳтар намудани таркиби маҳсулоти тайёр бо роҳи истифодаи манбаи пурқимати биологии пайдоиши растанигӣ дар мисоли орди нахӯди сабзонида мебошад. Вояи кифояи иловаи орди нахӯди сабзонида ба таркиби дастурамалии нони гандумин аз 10 то 20% дар бар мегирад. Дар ин вақт ҳаҷми фоида ва даромади маблағгузорӣ ба ҳаҷми истеҳсоли чунин маҳсулот, ки бевосита ба дараҷаи техникии истеҳсолот, технологияи қабулшуда ва ташкили равандҳо вобаста аст, ба даромаднокии маҳсулоти коркардшуда 18% ва даромад аз фурӯши он 14,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар соҳаи саноати нонии муосир ба роҳ мондани истеҳсоли чунин намуди маҳсулоти нонии нав коркардшуда натиҷаҳои хеле хуб хоҳад дод.

Калидвожаҳо

ҳадаф, саноатикунонӣ, рушди иқтисодӣ, технология, рақобатпазирии маҳсулот, маҳсулоти нонӣ, таҳлили сифат, самаранокии маҳсулот, ҳосилнокӣ, меъёри фарсудашавӣ.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Алексеев А.Н., Филатов В.В. Социально– экономическая сущность агропродовольственного рынка. В мире научных открытий, 2011. 3(15), –291 с.

2. Дудкин М.С. Новые продукты питания. – М.: Международная академия, издательская компания «Наука», 2008. – 303 с.

3. Магомедов М.Д., Заздравных А.В. Экономика отраслей пищевых производств.

–М.: издательско-торговая корпорация «Дашков», 2007. – 353с.

4. Позняковский В.М.. Экспертиза хлебобулочных изделий. Издательство “Лань” – 2017 год. – 86 с.5. Продовольственная безопасность и бедность. Информационный бюллетень. Агентство по статистике при Президенте РТ. Душанбе, 2023. – 97 с.

6. Рахмонова Д.А., Камилова Д.А. Разработка и внедрение в технологии мучных кондитерских изделий композитные смеси из нетрадиционного сырья. Качество продукции, технологий и образования. Материалы XVI международной научно-практической конференции, Магнитогорский государственный технический университет им. Г.И. Но-

сова. РИНЦ. 2021.

7. https://khovar.tj/rus/2023/07/.


Таърихи нашр

2026-03-27