НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МЕҲНАТИИ КОРХОНА ДАР ШАРОИТИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ
Муаллифон
Чакида
Идоракунии захираҳои меҳнатӣ дар шароити рушди устувор дар ҷаҳони муосир нақши муассир мебозад, ки дар он рақамисозӣ ва автоматикунонии равандҳо барои фаъолияти корхона муҳим аст. Технологияҳои рақамӣ ба оптимизатсияи равандҳои идоракунии захираҳои меҳнатӣ, беҳтар кардани ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷот ва дар ин замина ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхона муосидат мекунад. Дар шароити рушди устувори иқтисодӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад ба корхона дар идоракунии самараноки захираҳои меҳнатии худ кӯмак расонад. Таҳқиқи такмили идоракунии захираҳои меҳнатӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки усулҳо ва роҳҳои самаранокро муайян кунанд, ки ба корхонаҳо барои мутобиқ шудан ба шароити тағйирёбандаи бозор, беҳтар кардани рақобатпазирии онҳо ва рушди устувор дар давраи дарозмуддат кӯмак расонанд. Дар мақолаи мазкур нақши технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои меҳнатии корхона баррасӣ гардида, механизми баҳамалоқамандии идоракунии захираҳои меҳнатӣ ва рушди устувори иқтисодиёт пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин дар мақола унсурҳои технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардида, ҳар яке аз ин унсурҳо шарҳ дода шудаанд. Аз ҷумла, барномаҳо барои баҳисобгирии музди меҳнат, вақти корӣ ва корҳои шахсӣ, барномаҳои арзёбӣ ва идоракунии омодасозии кадрҳо, интихоби кадрҳо аз рӯи малака ва сифатҳои шахсӣ ва монанди инҳо баррасӣ гардидаанд. Дар асоси таҳлили унсурҳои технологияҳои рақамӣ ва татбиқи он дар раванди идоракунии захираҳои меҳнатии корхона хулосабандӣ карда шудааст.
Калидвожаҳо
захираҳои меҳнатӣ, корхонаи саноатӣ, идоракунии захираҳои меҳнатӣ, технологияҳои рақамӣ, рушди устувор, механизми баҳамалоқамандӣ, HR- digital, унсурҳои технологияҳои рақамӣ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Авезова М.М., Қаюмова А.А. Таҳлил ва баҳогузории омилҳои самаранокии фаъолияти корхонаҳо дар асоси идоракунии хароҷот. Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. 2020. № 3 (16). С. 68-78.
2. Акулина Е.Е., Панферов М.В., Жидков А.А., Влияние цифровых технологий на регулирование трудовых отношений / научный журнал “Управленческий учет”, 2023, № 8. С 9.
3. Бабкина А. В. Экономика и менеджмент в условиях цифровизации: состояние, проблемы. – СПб.: Изд-во Политехн. ун-та, 2017. – 512 с.
4. Баскина, Т. В. Техники для успешного рекрутмента. – М.: Альпина Бизнес-Букс, 2017. – 200 c.
5. Белоусова, С. Н. Маркетинг: учеб. пособие по специальностям экономики и управления. – Ростов н/Д., 2016. – 381 с.
6. Зуева З. В., Катровский Ю. А. Использование цифровых технологий в управлении персоналом. Бизнес-образование в экономике знаний. 2021. № 2. С. 64-67.
7. Нагибина Н. И. HR-DIGITAL: цифровые технологии в управлении человеческими ресурсами. Науковедение. 2017. № 1 (38). – 24 с.
8. Экономика, организация и управление на предприятии / под общ. ред. М.Я. Боровской. – СПб: Феникс, 2012. – 480 с.
Таърихи нашр
2026-03-27