САРМОЯГУЗОРӢ БА САРМОЯИ АСОСӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ: ИСТИФОДАИ АМСИЛАҲОИ КОББ-ДУГЛАС ВА РЕГРЕССИЯИ БИСЁРОМИЛА
Муаллифон
Чакида
Дар мақола таъсири сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ба рушди иқтисодӣ бо истифода аз амсилаҳои Кобб-Дуглас ва регрессияи бисёромила тадқиқот карда мешавад. Тадқиқот аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ омили асосии рушди дарозмуддати иқтисодӣ мебошад ва нақши онҳо дар иқтисоди муосир таҳлили амиқро талаб мекунад. Дар мақола таҳлили робитаи байни сармоягузории асосӣ ва ММД гузаронида мешавад. Модели Кобб-Дуглас барои ҳисоб кардани саҳми сармоя ва хароҷоти меҳнат дар истеҳсолот, инчунин муайян кардани дараҷаи камшавии фоидаи сармоя истифода мешавад. Баъдан, бо ёрии регрессияи бисеромила, бо назардошти таъсири манбаъҳои алоҳидаи сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ва дигар омилҳои сифатӣ, аз ҷумла омилҳои институтсионалӣ тадқиқоти муфассалтар гузаронида мешавад. Ин барои муайян кардани робитаи на танҳо мустақим, балки ғайримустақим байни сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ва рушди иқтисодӣ, инчунин арзёбии аҳамияти нисбии омилҳои гуногунро имкон медиҳад. Тадқиқоти мазкур дар фаҳмидани робитаи байни сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ва рушди иқтисодӣ саҳми муносиб ва амалӣ медиҳад. Мақола бо хулосаҳо дар бораи нақши сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар раванди рушди иқтисодӣ ва инчунин бо тавсияҳо барои ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ ба анҷом мерасад.
Калидвожаҳо
сармоягузорӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ, маблағгузории дохилӣ, хориҷӣ, рушди иқтисодӣ, раванди сармоягузорӣ, самаранокии сармоягузорӣ, амсилаи Кобб-Дуглас, регрессияи бисёромила.
Таърихи нашр
2026-03-27