ТАҲИЯИ МАҶМУИ ТАДБИРҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ САРМОЯВИЮ ИННОВАТСИОНИИ ВИЛОЯТИ СУҒДИ ТОҶИКИСТОН

Муаллифон

Авезова М.М. – доктори илми иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва идоракунии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумхурии Точикистон, avezova@rambler.ru
Оқилҷонова Ш.Ю. – номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумхурии Точикистон, shahnoza_1999@bk.ru

Чакида

Зарурати таҳияи маҷмӯи тадбирҳои стратегӣ ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти сармоягузорӣ дар минтақа асоснок карда шудааст, ки имконият медиҳад иқтисоди минтақа бо роҳи инвеститсионӣ-инноватсионӣ пеш равад. Охирин, унсури муҳими ноил шудан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ мебошад. Таҷрибаи муваффақноки ташаккул ва татбиқи нақшаҳои стратегии рушди сармоягузории минтақаҳои ба вилояти Суғди Тоҷикистон монанд, ба мисли сохтори соҳавии иқтисодиёт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омӯхта шудааст. Муайян карда шуд, ки дар стратегияҳои баррасишуда ҳадафи асосӣ ба фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа ва ҷалби сармоя барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт равона гардидааст. Дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ, инчунин нақшаҳои стратегии рушди сармоявии минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия, ба монанди вилоятҳои Ростов, Саратов, Челябинск ва Қазоқистон маҷмӯи чорабиниҳо оид ба рушди сармоявии вилояти Суғд ташаккул ёфтанд. Таҳлили динамикаи сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд. Муаммоҳои сармоягузорӣ ва омилҳои истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологиро маҳдудкунанда дар ҳар як сатҳи идоракунӣ баррасӣ гардида, чораҳои бартараф намудани онҳо таҳия шуданд.

Калидвожаҳо

стратегия, банақшагирии стратегӣ, рушди сармоягузорӣ, фаъолияти сармоягузорӣ, стратегияи рушд, бахшҳои афзалиятнок, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ.

Таърихи нашр

2026-03-28