УСУЛҲОИ ИСТИФОДАИ АЛГОРИТМҲОИ ОМӮЗИШИ МОШИНӢ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ

Муаллифон

Низомитдинов Аҳлитдин Илёситдиновичдоктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгори калони кафедраи иқтисоди рақамӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ahlidin@gmail.com
Низомитдинова Фарзона Бурҳоновнаассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, flowerf@list.ru

Чакида

Дар мақола равияҳои муосир ва татбиқи алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар мисоли алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ барои пешгӯӣ ва арзёбии сифати идоракунии захираҳои инсонӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ баррасӣ мешавад. Дар ташаккул ва рушди самтҳо дар иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои нав дар асоси алгоритмҳои зеҳни сунъӣ барои идоракунии равандҳои бизнес дар низоми идоракунии захираҳои инсонӣ барои идоракунии оптималии захираҳои инсонӣ муҳимтар мегардад. Алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, коркарди забони табиӣ (NLP) ва таҳлили додаҳои калон ба шуъбаҳои кадрҳо имкон медиҳанд, ки қарорҳои нисбатан асоснок ва фаврӣ қабул кунанд ва сифати идоракунии сармояи инсониро беҳтар намоянд. Дараҷаи кунунии рушди технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва истифодаи низомҳои гуногуни идоракунии додаҳо, дастрасии Интернет имкон медиҳад, ки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот ба таври худкор амалӣ карда шавад. Дар асоси маълумоти ҷамъшуда моделҳои зеҳни сунъӣ коркард мешаванд, ки ба арзёбии фаъолияти кормандони эҳтимолӣ ва амалкунанда кӯмак мекунанд. Самтҳои асосии истифодаи алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ барои идоракунии захираҳои инсонӣ, инчунин имкониятҳои автоматикунонии низоми қабули қарорҳо барои идоракунии инфиродии кормандон таҳлил карда мешаванд. Дар хулоса гуфта мешавад, ки ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ як қадами муҳим дар роҳи ташаккули равандҳои ташкилии муосир, шаффоф ва чандир мебошад.

Калидвожаҳо

низоми идоракунӣ, зеҳни сунъӣ, алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, захираҳои инсонӣ, иқтисоди рақамӣ, таъминоти барномавӣ.

Таърихи нашр

2026-03-30