АРЗЁБИИ ПАРАМЕТРҲОИ ЭЪТИМОДНОКИИ СХЕМАҲОИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ ДАР ҲИСОБҲОИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ
Муаллифон
Чакида
Аҳамияти тадқиқот аз арзёбии параметрҳои эътимоднокии схемаҳои таъминоти барқ аз зеристгоҳҳои трансформаторӣ дар вариантҳои гуногуни захиракунӣ - дар шиддати миёна ва паст - нисбат ба истеъмолкунандагони дастгоҳи тақсимоти шиддати паст иборат аст. Мақсади мақола ин тадқиқи параметрҳои эътимоднокии схемаҳо бо зеристгоҳҳои трансформатории 10/0,4 кВ ба ҳисоб меравад. Дар мақола эътимоднокии низоми таъминоти барқ барои вариантҳои зерини схемаҳо тадқиқ карда мешавад: бе захиракунӣ; бо захиракунӣ дар шиддати миёна; бо захиракунӣ дар шиддати паст; бо захиракунии дукарата: ҳангоми захиракунии занҷири миёнашиддат ва пастшиддат. Шарти оқилона сохтани схемаи таъминоти барқ шумораи камтарини зеристгоҳҳои трансформаторӣ ва мувофиқан трансформаторҳои тақсимкунанда бо риояи қимати коэффитсиенти боркунӣ, ки ба 0,8 баробар аст, қабул карда шудааст. Ҳангоми муқоисаи вобастагии бадастомада муайян карда шудааст, ки вақти калонтарини кор ба 25,641 баробар буда, ҳангоми захиракунии дукарата ба даст оварда мешавад.Вақти камтарин бошад ба 5,435 баробар буда, дар сурати набудани захиракунӣ мушоҳида мешавад. Муҳлати харҷбарории ба истифода додани вариантҳои схемаҳо бо назардошти сатҳи таваррум муайян карда шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳисобҳо муайян карда шудааст, ки дар схемаи захиракунӣ дар шиддати паст муҳлати харҷбарории таҷҳизот ба 8,52 сол баробар аст. Схемаи ду зеристгоҳи яктрансформаторӣ бе захиракунӣ муҳлати харҷбарории ба истифода додани таҷҳизот 7,75 солро ташкил медиҳад. Муҳлати харҷбарории таҷҳизоти схемаи дукаратаи захиракунӣ 8,81 солро ташкил медиҳад. Натиҷаҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки параметри ҷараёни нокомӣ қимати ҳадди ақал дорад - 0,039 инҳ/сол, барои схемаи дукаратаи захиракунӣ занҷири миёнашиддат ва занҷири пастшиддат ва ҳадди аксар 0,368 инҳ/сол, барои схемаи бе захиракунӣ мебошад. Ҳангоми муқоисаи схемаҳо бо захиракунӣ ба шиддати паст ва захиракунӣ ба шиддати миёна параметри ҷараёни радди тафовути кам дорад (0,042 ва 0,043 инҳ/сол). Натиҷаҳои тадқиқотро барои истифода дар раванди тарҳрезии низомҳои таъминоти барқ ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ барои интихоби варианти оптималии схема бо назардошти параметрҳои эътимоднокии он тавсия додан мумкин аст.
Калидвожаҳо
низоми таъминоти барқ, схемаи ҳалқавӣ, схемаи мантиқии эътимоднокӣ, манбаи барқ, параметри ҷараёни нокомӣ, захиракунӣ, захиракунии дукарата, нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ.
Таърихи нашр
2026-03-30