МЕТОДИКАИ МОДЕЛИРОНИИ КОМПЮТЕРИИ НИЗОМИ ТАЪМИНОТИ БАРҚИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШИИ КАЛОНИҚТИДОР
Муаллифон
Чакида
Мақола ба тадқиқи низоми таъминоти барқи пойгоҳҳои обкашии калониқтидор бо истифодаи методикаи моделиронии компютерӣ бахшида шудааст. Ба сифати сарборӣ ба низоми таъминоти барқи пойгоҳ муҳаррики синхронии иқтидораш 8 МВт, ки ҳамчун ҳаракатовари электрикии насосҳои обкаш хизмат мекунад, интихоб шудааст. Моделиронии компютерӣ истифодаи марҳилаҳои муайянро талаб мекунад, ки ба иҷрои онҳо имкони натиҷаи зарурӣ пайдо мегардад. Марҳилаи аввали амалҳо барои моделиронӣ, ин ҷамъоварии маълумот ва бузургиҳои ҳар як қисмҳои низоми таҳқиқшаванда, инчунин бузургиҳои ҳисобӣ мебошад. Бузургиҳои ҳисобӣ дар вақти моделиронии низомҳои мураккаб зарур мешаванд, зеро ки дар чунин ҳолат маълумоти техникии шиноснома ё маълумотномаҳо нокифоя мебошанд. Марҳилаи дуюм тартибдиҳии схемаҳои сохторӣ ва моделҳои математикии қисмҳои алоҳида ё тамоми низомро дар назар дорад. Аз он сабаб, ки низоми таъминоти барқи пойгоҳи обкашӣ аз қисмҳои мураккаби электроэнергетикӣ ва электротехникӣ иборат аст, он гоҳ шарҳи математикӣ барои ҳар як қисми низом дар алоҳидагӣ иҷро шудааст, ба монанди трансформатор, хати интиқоли барқ ва ғайраҳо. Моделиронии низомҳои мураккаб дар якҷоягӣ, хеле масъалаи душвор ба ҳисоб меравад, бинобар ин методикаи пешниҳодгардида аз ҷиҳати оддӣ гардонидани раванди моделиронии низомҳои мураккаб мақсаднок мебошад.
Калидвожаҳо
низоми таъминоти барқ, пойгоҳи обкашӣ, муҳаррики синхронӣ, моделиронии компютерӣ, раванди гузаранда, ҷараёни корандозӣ.
Таърихи нашр
2026-03-30