БАҲОДИҲИИ ҶОЛИБИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН: ТАҲЛИЛИ ОМИЛӢ

Муаллифон

Юсупова Гулнора Абдуманноновнаномзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори калон, кафедраи идораи молия, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ORCID ID: 0000-002-3140-7810, yusupova_gulya@rambler.ru
Комилова Мухбира Абдувалиевнаомӯзгори калон, кафедраи идораи молия, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ORCID ID: 0000-0001-6070-3400, kmuxbira1981@gmail.com

Чакида

Дар мақола омилҳои ҷолибияти сармоягузории корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, таъсири самаранокии молиявии он ба ҷараёни воридшавии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ таҳлил карда шудаанд. Таҳқиқот дар асоси баррасии пешакии ҳисоботҳои молиявӣ ва баҳодиҳии минбаъдаи муфассали вазъи молиявии корхона анҷом дода шудааст. Истифодаи модели ҳафтомила имкон дод, ки нишондиҳандаи интегралӣ (ROA) ҳисоб карда шавад. Дар натиҷаи он коҳиш ёфтани ҷолибияти сармоягузории корхона ошкор карда шуд. Хулосаҳо дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои зерин бароварда шудаанд: фоидаи соф/даромад; даромад/дороиҳои гардон; дороиҳои гардон/ уҳдадориҳои кӯтоҳмуддат; уҳдадориҳои кӯтоҳмуддат /қарзҳои дебиторӣ; қарзҳои дебиторӣ/қарзҳои кредиторӣ; қарзҳои кредиторӣ/сармояи қарзӣ; сармояи қарзӣ/дороиҳо. Арзёбии арзиши иловагии иқтисодӣ (EVA) гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он қиматҳои манфиро нишон доданд. Маҷмӯи чораҳо ҷиҳати оптимизатсияи нишондиҳандаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани шаффофияти институтсионалии корхона пешниҳод гардид. Таҳлили омилӣ нишон медиҳад, ки сатҳи баланди бори қарзӣ ва коҳишёбии даромаднокии дороиҳо (ROA) метавонанд бартариҳои эҳтимолиро дар ҳолати мавҷуд набудани идоракунии самараноки ин нишондиҳандаҳо аз байн баранд. Дар хулоса зарурати гузаронидани таҳлили маҷмуавии омилии нишондиҳандаҳои молиявии корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкор намудани тамоюлҳои манфӣ ва таҳияи тадбирҳое, ки ба баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории онҳо равона шудаанд, таъкид мегардад.

Калидвожаҳо

ҷолибияти сармоягузорӣ, таҳлили омилӣ, ҳисоботи молиявӣ, тавозун, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ, амсилаи арзёбии ҳафтомила, даромаднокии дороиҳо (ROA), арзиши иловаи иқтисодӣ (EVA).

Таърихи нашр

2026-03-31