АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ НИЗОМИ ТАШКИЛӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ҚАРИНАИ ҚАНОАТМАНДИИ ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР

Муаллифон

Юсупова Махбуба Зафаровнаассистент, кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, umahbuba93@gmail.com
Авезова Маҳбуба Муҳаммадовнадоктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, avezova@rambler.ru

Чакида

Дар мақола самаранокии идоракунии низоми ташкилӣ-иқтисодӣ дар мисоли муассисаи таҳсилоти олӣ бо назардошти сатҳи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла корфармоён, хатмкунандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ карда шудааст. Мубрамияти тадқиқот бо зарурати ҳамгироии нишондиҳандаҳои дараҷаи қаноатмандии субъектҳои бозори меҳнат ва хизматрасониҳои таълимӣ ба низоми нишондиҳандаҳои самаранокии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ асоснок карда шудааст. Дараҷаи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор ҳамчун нишондиҳандаи миқдории интегралӣ муайян карда мешавад, ки ба талаботи субъектҳои асосии бозори меҳнат ва бозори таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат кардани натиҷаҳои воқеии хизматрасониҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олиро нишон медиҳад. Объекти тадқиқот самаранокии идоракунии низоми ташкилӣ-иқтисодӣ мебошад. Асоси методии тадқиқотро низоми нишондиҳандаҳои мутавозин ташкил медиҳад, ки бо рейтинги субъектҳои бозори таҳсилоти олии касбӣ такмил дода шудааст. Дар раванди тадқиқот таҳлили хароҷот ва даромадҳо гузаронида шуда, даромаднокии ихтисос бо дарназардошти дараҷаи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор, инчунин аз рӯи сифати хизматрасониҳои таълимӣ ҳисоб карда шудааст. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки ҳамгироии маълумот оид ба қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор ба низоми арзёбии самаранокии идоракунӣ имкон медиҳад, ки ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи барномаи таълимӣ ба таври объективӣ муайян гардида, қарорҳои оптималии идоракунӣ қабул карда шаванд. Нишондиҳандаҳои баланди даромаднокӣ аз самаранокии баланди иқтисодии ихтисос шаҳодат медиҳанд, дар ҳоле ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ дар баланд бардоштани самаранокии умумии иқтисодии барномаи таълимӣ нақши калидӣ мебозад.

Калидвожаҳо

самаранокии идоракунӣ, арзёбӣ, низоми ташкилӣ-иқтисодӣ, ҷонибҳои манфиатдор, дараҷаи қаноатмандӣ, низоми нишондиҳандаҳои мутавозин, даромаднокӣ, самаранокии иқтисодӣ, бозори меҳнат, субъектони бозори меҳнат.

Таърихи нашр

2026-03-31