АСОСНОККУНИИ ИҚТИСОДИИ ИСТЕҲСОЛИ ОМЕХТАҲОИ КӮДАКОНАИ ХУШКИ ВАТАНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ВОРИДОТИВАЗКУНӢ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола масъалаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднок будани ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти таъиноти кӯдакона дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, ки дорои иқтидори баланди ивазкунии воридот мебошад, баррасӣ карда мешаванд. Асоснок карда шудааст, ки барои рушди устувор ва босуръати саноати озуқавории Тоҷикистон бояд истеҳсоли мунтазами маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти кӯдакона, аз қабили ғалладонагиҳои хушк, консентратҳои меваю сабзавот ва консерваҳои мевагӣ таъмин карда шавад. Чунин вазифаи стратегӣ навсозии корхонаҳои коркардро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳо ва таҷҳизоти ватанӣ талаб мекунад. Дар тадқиқот асосноккунии иқтисодии таҳияи технологияи нави истеҳсоли омехтаи хушк бо иловаи ашёи хоми маҳаллӣ, ки ба талаботи муосири ғизои солим ҷавобгӯ аст, оварда шудааст. Ҳисоби хароҷот барои воҳиди маҳсулот, ҳаҷми фоида ва сатҳи даромаднокии истеҳсоли маҳсулоти ғизои кӯдаконаи хушки биринҷӣ бо консентрати дулона нишон доданд, ки маҳсулоти пешниҳодшуда назар ба маҳсулоти шабеҳи воридотӣ ду маротиба арзонтар рост меояд. Даромаднокии маҳсулот 18% - ро ташкил медиҳад. Натиҷаҳои тадқиқот барои таҳияи барномаҳои рушди саноати озуқавории минтақа, банақшагирии тиҷоратии диверсификатсияи маҳсулоти саноатӣ, минтақавӣ ва бизнес-нақшаҳои ояндадори рушди корхонаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ манфиатҳои илмиву амалӣ доранд.
Калидвожаҳо
маҳсулоти воридотивазкунанда, асосноккунии иқтисодӣ, ғизои кӯдакона, омехтаҳои хушк, консентратҳо, самаранокии маҳсулот, ҳосилнокӣ, суръати фарсудашавии таҷҳизот.
Таърихи нашр
2026-03-31