ХУСУСИЯТҲОИ СОҲАВӢ ВА МИНТАҚАВИИ АРЗЁБИИ ИҚТИДОРИ ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАҲО ОИД БА ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ БАСТАБАНДӢ
Муаллифон
Чакида
Дар мақола равишҳои методии арзёбии иқтидори инноватсионии корхонаи истеҳсоли маводи бастабандӣ бо дарназардошти хусусиятҳои соҳавӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд. Тадқиқот ба таҳлили равишҳои мавҷудаи арзёбии иқтидори инноватсионӣ ва асосноккунии интихоби методикаи маҷмӯавӣ асос ёфтааст, ки равишҳои интегралӣ, захиравӣ ва технологиро дар бар мегирад. Низоми нишондиҳандаҳое таҳия карда шуд, ки омилҳои технологӣ, молиявӣ, кадрӣ ва истеҳсолӣ-натиҷавии корхонаро фаро гирифта, хусусиятҳои фаъолияти онро дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат мегирад, ба монанди маҳдудияти захираҳои сармоягузорӣ, вобастагии баланди воридотӣ ва норасоии кадрҳои баландихтисос. Нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда имкон медиҳанд, ки арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидори инноватсионӣ бо истифода аз тартиби меъёрбандӣ ва ҳисобкунии нишондиҳандаи интегралӣ дар шароити дастрасии маҳдуд ба таҷдиди таҷҳизоти воридотӣ ва арзиши баланди навсозии он таъмин карда шавад. Дар мақола зарурати мутобиқсозии методикаи арзёбӣ ба хусусиятҳои соҳавии истеҳсоли маводи бастабандӣ асоснок карда шудааст, ки он бо сармояталабии баланд, ҳассосият ба сифати маҳсулот ва тақвияти талабот ба экологӣ будани раванди истеҳсолот тавсиф мешавад. Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки маҳдудиятҳои асосӣ ошкор гардида, самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти инноватсионии корхона муайян карда шаванд. Дар умум муайян гардид, ки истифодаи равиши маҷмӯавӣ ҳангоми арзёбии иқтидори инноватсионӣ ба баланд гардидани самаранокии идоракунии рушди инноватсионии корхона мусоидат менамояд.
Калидвожаҳо
иқтидори инноватсионӣ, арзёбӣ, методика, соҳаи бастабандӣ, нишондиҳандаи интегралӣ, рушди технологӣ, фаъолияти инноватсионӣ.
Таърихи нашр
2026-08-24