БАҲОДИҲИИ ПАЙВАСТҲОИ КОНТАКТИИ ДАСТГОҲҲОИ БАРҚӢ БО ИСТИФОДАИ ИНДИКАТОРҲОИ ҲОЛАТИ ГАРМӢ
Муаллифон
Чакида
Баҳодиҳии ҳолати пайвастҳои контакти дастгоҳҳои коммутационии пастшиддат барои назорати ҳолати техникии таҷҳизоти барқӣ истифода бурда мешавад, ки ин ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд. Ҳадафи кор ошкорсозии саривақтии нуқсонҳои контактҳо ва пайвастҳои контакти дастгоҳҳои коммутационии пастшиддат бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои садамавӣ мебошад. Таҳлили қиматҳои ҳарорати гармшавии контактҳо вобаста ба мавод ва навъи пайвастҳои контактӣ анҷом дода шудааст. Меъёрҳои баҳодиҳии ҳолати контактҳои дастгоҳҳои коммутационӣ бо истифода аз индикаторҳои ҳолати онҳо муайян карда шудаанд. Қиматҳои оптималии коэффициентҳои борбандии автоматҳои ҳифзкунанда ва контакторҳо ба даст оварда шудаанд. Ҳолатҳои садамавӣ дар объекти саноатӣ нишон дода шудаанд, ки зарурати истифодаи индикаторҳо ва ташхиси тепловизионӣ ҳамчун яке аз воситаҳои автоматикунонии назорати ҳолати техникии таҷҳизоти барқии пастшиддатро исбот менамоянд. Усули бетамоси пешниҳодшудаи баҳодиҳӣ ва назорати ҳолати техникии таҷҳизоти барқӣ, контактҳо ва пайвастҳои контакти дастгоҳҳо дар вақти воқеӣ бо истифода аз индикаторҳо ва назорати тепловизионӣ имкон медиҳад, ки ҳам маълумот дар режими вақти воқеӣ дастрас карда шавад ва ҳам фосилаи байни таъмирҳо барои таҷҳизоти энергетикӣ зиёд гардида, эътимоднокии кори тамоми низом дар маҷмӯъ баланд бардошта шавад.
Калидвожаҳо
шабакаҳои пастшиддат, дастгоҳҳои коммутационии барқӣ, пайвастҳои контактӣ, индикаторҳо, нуқсонҳои таҷҳизот, дастгоҳҳои коммутационӣ, пайвастҳои контактӣ.
Таърихи нашр
2026-08-24