МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА БАЛАНДБАРДОРИИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ
Муаллифон
Чакида
Муаллифон дар мақола нақши молияро дар шароити рақамикунонӣ дар рушди соҳаҳои бахши иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мавриди таҳлил қарор додаанд. Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафҳои асосии он таъмини рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ мебошанд, масъалаи ташаккул ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Давлат ҳамчун субъекти иқтисодӣ дар ташаккул ва такмили механизми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Мақолаи мазкур ба таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ ва динамикаи маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он таъсири маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир қисми назарраси захираҳои молиявии давлатӣ маҳз ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Ҳаҷми маблағгузории бахши иҷтимоӣ мунтазам афзоиш ёфта, ин раванд аз таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шаҳодат дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Калидвожаҳо
вазъи иҷтимоӣ, сатҳи некуаҳволӣ, сармояи инсонӣ, сатҳи камбизоатӣ, бахши иҷтимоӣ, буҷети давлатӣ, даромад, хароҷоти давлатӣ.
Рўйхати адабиётҳои истифодашуда
1. Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН). Ҳисоботи рушди инсон (Human Development Report). 2023. – саҳ. 62.
2. Бонки Ҷаҳонӣ. Ҳисоботи «Камбизоатӣ ва Рушди Муштараки Фараҳмандӣ» (Poverty and Shared Prosperity Report). 2022. – саҳ. 32.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. URL: https://minfin.tj.
4. Генкин, Б. М. Экономика и социология труда: учебник для вузов / Б. М. Генкин. — 7-е изд., доп. — М.: Норма, 2007. – 448 с.
5. Қодиров Қ. Молияи давлатӣ ва сиёсати иҷтимоӣ. – Душанбе: Маориф, 2020.
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024». – Душанбе, 2024.
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ». – Душанбе, 2020.
8. Нишондиҳандаҳои некӯаҳволии субъективӣ ва сатҳи хушбахтӣ. Манбаи электронӣ: [https://worldhappiness.report/] (https://worldhappiness.report/) (санаи муроҷиат: 04.03.2026).
9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024.
10. Пойгоҳи додаҳои MPI — Маркази тадқиқоти камбизоатии бисёрҷанба (OPHI). Манбаи электронӣ: [https://ophi.org.uk/mpi/](https://ophi.org.uk/mpi/) (санаи муроҷиат: 04.03.2026).
11. Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (OECD). Методологияи Индекси «Зиндагии беҳтар» (Better Life Index Methodology). 2021. – саҳ. 6.
12. Стиглиц Ҷ. Иқтисодиёти бахшии давлатӣ. – Москва: Донишгоҳи давлатии Москва, 2017.
13. Хадамоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маълумоти оморӣ оид ба сатҳи камбизоатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ. – Душанбе, 2023. – саҳ. 13.
14. Ҳисоботи рушди инсон. 2023. Манбаи электронӣ: [https://hdr.undp.org/](https://hdr.undp.org/) (санаи муроҷиат: 04.03.2026).
15. Ҳисоботи хушбахтии ҷаҳонӣ (World Happiness Report). 2023. – саҳ. 22.
16. Tojikon.net. «Моҳият ва вазифаҳои молия дар шароити иқтисодиёти бозорӣ». — 2022. [Захираи электронӣ]https://tojikon.net/articles/656-mo-ijat-va-vazifa-oi-molija-dar-sharoiti-i-tisodiyoti-bozorgon.html (санаи муроҷиат: 04.03.2026).
Таърихи нашр
2026-08-25