ҶАНБАҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ТЕХНОЛОГИИ ОПТИМИЗАТСИЯИ ИСТЕҲСОЛИ НОНИ ГАНДУМИН БО ИЛОВАИ АШЁИ ХОМИ ҒАЙРИАНЪАНАВӢ

Муаллифон

Комилова Дилрабо Абдувалиевнаномзади илмҳои техникӣ, дотсент, кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, dilka85@bk.ru
Комилова Мухбира Абдувалиевна омӯзгори калон, кафедраи идораи молия, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, kmuxbira1981@gmail.com

Чакида

Ба истеҳсоли маҳсулоти нави хӯрока ҳамчун як ҷузъи муҳими саноатикунонии иқтисодиёт баҳри баланд бардоштани арзиши иловашуда тавассути коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот, коҳиши вобастагӣ аз воридот ва афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамзамон он тавсеаи содирот бо пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазир ба бозорҳои хориҷӣ, беҳсозии тавозуни савдои хориҷӣ, афзоиши даромади буҷет аз ҳисоби андоз ва содиротро таъмин менамояд. Аз нигоҳи иқтисодӣ, истеҳсоли маҳсулоти нави хӯрока метавонад ба рушди иқтисоди мутавозин ва устувор мусоидат намояд, зеро он ҳам соҳаи кишоварзӣ ва ҳам саноатро ба ҳам мепайвандад. Дар мақолаи мазкур натиҷаҳои таҳлили иқтисодиву технологӣ дар самти коркарди технологияи нони гандумини таъиноти функсионалӣ бо иловаи манбаи нави ашёи хоми пурарзиш оварда шудааст. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки иловаи хокаи растанигӣ аз сиёҳалаф ба таркиби дастурамали нони гандумин ба миқдори 1-5% ба массаи орд ба сифати маҳсулоти тайёр таъсири манфӣ намерасонад. Дар баробари ин нон арзиши баланди ғизоӣ ва биологӣ, инчунин таркиби бойи кимиёвиро пайдо мекунад. Аз рӯи ҳисоби гузаронида муайян карда шуд, ки нархи 1 дона маҳсулоти тайёри нони гандумин бо иловаи хокаи растанигӣ аз сиёҳалаф ба 8 сомониву 35 дирам баробар буда, таъиноти функсионалӣ дорад ва барои омма, ҳамчунин барои шахсоне, ки аз норасогии йод азият мекашанд, тавсия дода мешавад. Даромаднокии маҳсулот ба 17,99%, даромаднокӣ аз фурӯш ба 14,8% баробар мешавад, ки барои соҳаи саноати нонии муосир натиҷаи назаррас мебошад. Ба роҳ мондани чунин намуди маҳсулоти нав дар оянда барои рушди соҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ натиҷаҳои хеле хуб хоҳад дод.

Калидвожаҳо

саноатикунии босуръат, стратегияи давлатӣ, рушди иқтисодӣ, технология, рақобатпазирии маҳсулот, амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ватанӣ, маҳсулоти инноватсионӣ, таҳлили сифат, самаранокии маҳсулот.

Рўйхати адабиётҳои истифодашуда

1. Асатуллоева П.И., Авезова М.М., Ишонова С.С. Усулҳои арзёбии рақобатпазирии далелӣ дар сатҳи корхонаҳои саноатии минтақа // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. 2025. № 1 (34). С. 81-96.

2. Барномаи рушди саноати хӯрковории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, № 373.

3. Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293.

4. Березина Н.А. Проектирование предприятий отраслей. Сборник задач по технологии производства хлебобулочных изделий: учебное пособие для высшего профессионального образования / Н.А. Березина, С.Я. Корячкина. – Орел: ФГБОУ ВПО «ГОС-университет – УНПК», 2012. – 178с.

5. ГОСТ 58233-2018 Хлеб из пшеничной муки. Технические условия. Введ. 09.10.2018 Межгосударственный стандарт. – М.: Стандартинформ 2019. – 20с.

6. Комилова Д.А., Раҳмонова Ҷ.А. Самаранокии иқтисодии коркарди намуди нави маҳсулоти нонӣ бо иловаи ашёи хоми ғайрианъанавӣ. Паёми ДПДТТ ба номи акдемик М.С.Осимӣ. 2024. №3 (32). С.110-121.

7. Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 159.

8. Технология функциональных продуктов питания: учеб. пособие для вузов / под общ. ред. Л.В. Донченко. – 2 – е изд., испр. и доп. – М.: Издательство Юрайт, 2018. – 176с.

9. RU 2 770 708 С1, кл. А23В 7/01, A23В 7/04, заявл. 2021.11.26 «Способ получения порошка из растительного сырья (варианты)».


10. https://www.andoz.tj/docs/kodex/Tax-Code__14_05_2025-RT_ru.pdf.


Таърихи нашр

2026-03-31